Баргузории амалиёти «Ҳавои тоза» бо таҷҳизоти нав

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3020

 Бо мақсади пурзўр намудани назорати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера, аз он ҷумла ихроҷи моддаҳои зараровар аз воситаҳои нақлиёт, аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд як адад таҷҳизоти тамғаи МЕТА «Дымомер» 01МП-ро барои дудченкунии нақлиётҳои, ки бо сўзишвории дизелӣ кор мекунанд харидорӣ карда шуд. Мутахассисони шуъбаи назорати таҳлилии раёсат якҷоя бо нозирони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи нақшаи пешбинигардида амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Дар давоми амалиёт 8 адад нақлиёти махсуси корхонаи партовкашони шаҳри Хуҷанд, 12 адад автобуси мусофиркашон ва дар ноҳияи Б.Ғафуров, шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ 25 адад нақлиёти боркашони калонҳаҷм, дар маҷмўъ 45 адад нақлиёти гуногунтамға, ки бо сўзишвории дизелӣ кор мекунанд аз ченкунӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи муайян намудани дараҷаи ифлоскунии ҳавои атмосфера бо партови моддаҳои зараровар аз нақлиётҳои мазкур ошкор гардид, ки дар баъзеи онҳо партовҳо аз меъёр зиёд ихроҷ мешаванд ва нисбати 4 нафар ронанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

  Харидорӣ намудани таҷҳизоти нави дудченкунии нақлиёт минбаъд барои бо пуррагӣ фаро гирифтани ченкунии ихроҷи партовҳоро ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёти ҳам бо сўзишвории бензину гази моеъ ва ҳам дизелӣ фаъолияткунанда мусоидат менамояд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/tj/news/701-havoitozabodimomer112020.html?tmpl=component&print=1&layout=default&page=#sigProGalleria6eeac06975
joomlamodniyportal.ru