Сар додани мурғи даштии тазарв ба табиат

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3542

Дар Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик»-и Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар давоми қариб ду соли охир парвариши мурғи даштии тазарв, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Точикистон ворид шудааст амалӣ гардида истодааст. Дар айни замон миқдори парандаи мазкур дар парваришгоҳ ба беш аз 300 сар расида, ҷиҳати ба табиат пахш намудани онҳо корбарӣ карда шуд. Аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии раёсат дар ҷазира бо мақсади минбаъд афзоиш ёфтани ин парандаи нодир дар табиат 65 ҷуфти онҳо сар дода шуд. Боиси қайд аст, ки соли 2019 дар доираи чорабиниҳои таҷлили Наврӯзи байналмилал, бахшида ба эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик» ба истифода дода шуда буд. Раёсат дар оянда низ дар ин мавзеи зебои соҳили дарёи Сир ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани имконот ва инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, барои нигоҳдорӣ ва парвариши мурғи даштӣ – тазарви сирдарёӣ бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилию хоричӣ корбарӣ менамояд.

 

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/tj/news/702-sardodanitazarv112020.html?tmpl=component&print=1&layout=default&page=#sigProGalleria506f327a7d
joomlamodniyportal.ru