May 2020

28 May 2020

Корҳои безараргардонӣ дар шаҳри Конибодом

 

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваьдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва банди 9-и Нақшаи чорабиниҳо барои баргузор намудани Рўзи байналмиллалии муҳити зист оид ба пешгирӣ ва мубориза алайҳи сироятёбӣ аз бемории коронавируси «COVID-19» аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти  шаҳри Конибодом дар якҷояги бо кормандони Маркази назоратӣ давлатии санитарию эпидемиологӣ санаи 26-27 майи соли 2020 дар хиёбонҳои марказии шаҳр, гулгаштҳо ва боғи фаоҳангию фароғатӣ, нуқтаҳои муваққатан ҷамъоварии партовҳо бо истифода аз маҳлулҳои кимиёвӣ корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд.

Читать далее

Корҳои пешгирӣ дар шаҳри Исфара

 

Аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара баҳри дар амал татбиқ намудани фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 зарурӣ андешида шуда истодааст. Кормандони бахш якҷоя бо кормандони соҳаи тандурустӣ, аз он чумла Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ корҳои тамизгардонии роҳи марказӣ, кўчаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва иншоотҳои иҷтимоию хизматрасонӣ, ҳамчунин нуқтаҳои муваққатии партовҷамъкуниро гузарониданд. Чунин чораҷўиҳо дар ҳамаи ҷамоати шаҳраку деҳот низ гузаронида шуда истодааст.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Ҷ.Расулов

Дар ноҳияи Ҷ.Расулов бахшида ба Иди Саиди Фитр ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари умуминоҳиявӣ, аз ҷумла аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки 1250 нафар сокинони ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид. Дар рафти ҳашар як қатор корҳои ободонӣ, аз қабили тоза намудани роҳҳо аз партов, тоза кардани гулгаштҳои байн ва қадди роҳ аз алафҳои бегона, рўбучини минтақаҳои назди идораву коргоҳҳо, муассисаҳо, сафед кардани хатҳои роҳтақсимкунӣ ва дигар корҳои ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати ҳифзи муҳити зисти минтақаҳои ноҳия ба сомон расид. Дар маҷмуъ беш аз 35 метри мукааб партовҳо истеъмолӣ ба партовгоҳ бароварда шуд.

Читать далее

21 May 2020

Кабудизоркуни дар шаҳри Хуҷанд

  Маъракаи кабудизоркуни, ободони ва солимгардонии муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст. Бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар таърихи 20.05-и соли ҷорӣ дар майдону гулгаштҳо, кучаҳои И.Сомонӣ ва Р.Ҷали - и ш.Хуҷанд ҳашарҳои гулшинонӣ, нарм кардани бехи дарахтон ва сафед кунии дарахтон аз алафҳои бегона тоза намудани гулгаштҳо шуда гузашт, ки дар загару мазкур зиёда аз 80 нафар кормандони Сарраёсати ободони ва хоҷагии манзилию коммунали- и шаҳри Хуҷанд иштирок намудаанд.

Читать далее

19 May 2020

Пешгири аз паҳншавии короновируси нави COVID-19

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба пешниҳод намудани маълумот доир ба пешгири намудани паҳншавии короновируси нави COVID-19, тоза намудани маҳалли зист, сари вақт баровардани партовҳо, безараргардонии қуттиҳои партовҷамъкунӣ ва дигар корҳо мавриди баррасӣ қарор дод.

     Дар натиҷа аз тарафи муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Абдумаликзода Б. ва сардори Шуъба Дӯсматов А. дар КВДК “Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Хуҷанд, КД “Истифодабарии манзил”-и соҳили рост ва КД “Истифодабарии манзил”-и соҳили чапи шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ гузаронида, корҳои ташвиқотӣ  доир ба пешгири намудани паҳншавии короновируси нави COVID-19, тоза намудани маҳалли зист, сари вақт баровардани партовҳо, безараргардонии қуттиҳои партовҷамъкунӣ ва дигар корҳо гузаронида шуд.

Читать далее

14 May 2020

Тоза намудани соҳили дарёи Сир

 Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷўйборҳо ва ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.01.2020, №10 дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил - 2020», бо ташабуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва бо дастгирии ҶДММ «Сирдарё» тоза намудани қисми соҳили чапи дарёи Сир оғоз гардид. Дар давоми ду рўз бо истифода аз техникаҳои махсус 100 метр масоҳати соҳили дарё аз алаф ва лойқа тоза карда шуд.

Читать далее

Корҳои безараргардонӣ дар самти муомилот бо партовҳо

    Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри пешгирии ифлосшавии муҳити зист, механизми баҳисобгирии партовҳо, ҷамъоварӣ, интиқол ва ҷойгиронии партовҳо аз нуқта ва қуттиҳои махсуси ҷамъоварии муваққатии партовҳо ҳамарўза назорати давлатӣ мебарад. Дар натиҷа бо пешбурди назорати давлатӣ партовҳо аз нуқтаҳои ҷамъоварӣ мунтазам тибқи реҷаи тасдиқгардида бо нақлиётҳои махсус ба партовгоҳ интиқол ва безарар гардонида шуда истодааст.  Ҷиҳати  пешгирӣ ва беҳтар кардани вазъи экологӣ, инчунин пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ нуқтаҳо ва қуттиҳои махсуси ҷамъоварии муваққатии партовҳо бо маҳлули кимиёвии гипохлориди натрий тамиз гардонида шуда истодааст. Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ аз чониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои раёсат тамизгардонии нақлиётҳои махсус пеш аз даромад ва баромад аз партовгоҳ дида шуд.

Читать далее

05 May 2020

Чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар вилояти Суғд

Тибқи нақшаи пешбинигардида санаи 4.05.2020 ҷаласаи ситоди раёсат оид ба фаъолият дар 15-рўзаи дуюми манъи сайди моҳӣ дар давраи тухмгузории соли равон ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар кори ҷаласа сардор ва кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии раёсат, сармутахассисон оид ба кадр ва оид ба ҳуқуқи раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои ба ситоди раёсат ҷалбгардида иштирок доштанд. Дар рафти ҷаласа ҳисоботи сардори шуъбаи раёсат оид ба рафти ичрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2020, №34 «Дар бораи амалигардонии чорабинии ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2020» ва фармоиши сардори раёсат аз 31.03.2020, №18 «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2020» дар моҳи апрели соли ҷорӣ шунида шуд. Баҳри иҷро ва татбиқи қонуну фармоишҳои дар боло зикргардида, бо рохбарии сардори раёсат ситод иборат аз 18 нафар таъсис ёфта, мувофиқи нақшаи чорабиниҳо аз тарафи гурўҳҳои фаврӣ амалиётҳои назоратӣ роҳандозӣ гардид.

Читать далее

04 May 2020

Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон!

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рўзноманигорон ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташвиқи моҳиятиДаҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳоирушдидеҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳоимардумӣ» ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон дар байни кормандони васоити ахбори омма барои беҳтаринмаводижурналистӣ дар мавзӯи «Сатҳи баланди маърифати экологӣ пояи рушди устувори давлат ва ҷомеа» озмун эълон менамояд.

Читать далее

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ш.Истиқлол

    Дар асоси нақшаи корӣ ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Истиқлол амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 22 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки ягон адад  воситаҳои нақлиёти автомобилӣ меъёри стандартҳои давлатиро вайрон накардаанд, яъне партови моддаҳои ифлоскунанда (гази СО ва дуда) ба фазои атмосфера барзиёд партофта нашудааст.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.