11 May 2021

Барқарорсозии хонаҳои осебдида дар шаҳри Исфара

 Бар асари даргириҳои охири моҳи апрели соли ҷорӣ як қисми хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркўҳи шаҳри Исфара хароб ва осеб дида буд. Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои мазкур бо пуррагӣ бунёду барқарорсозӣ карда мешаванд. Бо супориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зист якҷоя бо зерсохторҳо як хона, ки дар он ҷо ду оила зиндагӣ мекард пурра аз навсозӣ мегардад. Дар айни ҳол корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, дар давоми як моҳ ба итмом расонида мешаванд. Ҳамзамон, пас аз сохтмон бо лавозимотҳои зарурӣ низ хонаи нав таъмин карда мешавад.

Читать далее

Ҷамъбасти озмуни ноҳиявии «Сабз бодо кишварам» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

 Дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 6 ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов озмуни ноҳиявии «Сабз бодо кишварам» бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи ноҳия ҷамъбаст карда шуд. Озмуни «Сабз бодо кишварам» дар асоси фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд гузаронида шуда, ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021» бахшида шудааст.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.