March 2022

29 March 2022

Семинари омӯзишӣ - амалӣ бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об

   Дар толори сарраёсат бахшида ба санаи 22 март - Рӯзи байналмилалии об ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, семинари омўзишӣ - амалӣ барои мутахассисони вобаста ба самти ҳифзи захираҳои об баргузор гардид. Дар кори семинар тибқи барнома аз ҷониби сармутахассисони сарраёсат барои иштирокдорон баромадҳо дар бораи «Моҳияти санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи захираҳои об», «Фаҳмонидани моҳияти моддаҳои 173, 174, 175, 176, 178, 179-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашри нави соли 2020», «Тарзи гирифтани намунаҳои партовобҳо барои ташхис ва муҳлати гирифтани он» ва «Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон дар қисмати муҳокимаи маърӯзаҳо саволу ҷавоб бо сармутахассисони оид ба ҳуқуқ ва шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби сарраёсат сурат гирифт.Семинари мазкур дар арафаи Рӯзи байналмилалии об бо мақсади расонидани ёрии амалӣ ба мутахассисони вобаста ба самти истифода ва ҳифзи захираҳои оби мақомоти ҳифзи муҳити зист дар иҷрои вазифаҳои касбӣ дар пешбурди фаъолияти минбаъда гузаронида шуд.

Читать далее

25 March 2022

Конференсия бахшида ба Рӯзи байналмилалии об

  Санаи 17 марти соли 2022 дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд конференсия бахшида ба  22 март  -  Рӯзи байналмилалии об бо иштироки намояндагони Лоиҳаи миллии  раёсати  захираҳои об дар Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят,  корхонаву ташкилотҳои ҷамъиятии марбутаи соҳаи об, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳҳои олӣ аз ҷониби Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё гузаронида шуд. Дар рафти конференсия мутахассисону коршиносон дар мавзӯи таърихи пайдоиши Рӯзи байналмилалии об, нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои оби сайёра, обҳои зеризаминӣ ва заминаи ҳуқуқии идоракунии обҳои зеризаминӣ тибқи нақшаи ҳавзавӣ барои солҳои 2021-2025, истифодаи обҳои зеризаминӣ дар обёрӣ, ҳамкории фаромарзӣ  дар  соҳаи обҳои зеризаминӣ, таъсири лоиҳаи WAPRO ба ҳифзи обҳои зеризаминӣ призентатсияҳо пешкаши иштирокдорон намуданд. Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани конференсия баланд бардоштани маърифати аҳолӣ оид ба ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ ва ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» маҳсуб меёбад.

Читать далее

Об ҳасту ҳаёт пойдор аст

  Аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар асоси барқияи Сарраёсат ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар МТМУ № 113-и деҳаи Тагоби халқ ҷамоати деҳоти Вору ва МТМУ № 3 шаҳри Панҷакент зери унвони «Об ҳасту ҳаёт пойдор аст» вохӯриҳо гузаронида шуд. Зимни суханронӣ мутахассисони бахш оид ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об, самаранок истифода бурдани захираҳои об, иштироки фаъолона дар аксияи «Тозагии соҳил» баромадҳо намуданд.

Читать далее

19 March 2022

Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ

  Фарорасии иди Наврӯзи байналмилалии фархундапайро, ки баёнгари ҷаҳони маънавӣ, дурахши азалии донишу хирад, эҳсоси ватандорӣ ва сарчашмаи созандагии ниёгон ва аҳли диёр аст, ба  ҳамаи ҳамкасбон ва дӯстдорони табиат  самимона табрику таҳният  мегӯям. Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадимулайём дар оғози фасли зебои сол ба шинонидани дарахту ниҳолҳо, бунёди боғҳо шурӯъ менамуданд.  Хушбахтона пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омадани Наврӯз маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар саросари кишвар ранги тоза гирифта, аз ҷониби  ҳамватанонамон  дастгирии  ҳамаҷониба пайдо намудааст. Наврӯзро пеш аз ҳама ҷашни покизагиву тозагӣ ва ободкорӣ, ки ба соҳаи ҳифзи муҳити зист алоқамандии бевосита дорад, метавон номид. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ доир ба фазилатҳои Наврӯз баён дошта буданд: «Яке аз сифатҳои Наврӯз аз нав зинда шудани табиат мебошад ва оғози Наврӯз - оғози сол аст».

Читать далее

Семинар – вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии об – 22 март дар Коллеҷи омӯзгории МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ш.Хуҷанд

  Дар асоси барқияи Сарраёсат ва иҷрои  нақшаи корӣ, татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028  бо иштироки  корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд  дар Коллеҷи омӯзгории МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ш.Хуҷанд  вохӯрӣ - семинар гузаронида шуд. Аз ҷониби корманди шуъба ва омӯзгорони коллеҷ оид ба мақсади эълон намудани ин санаи экологӣ аз ҷониби СММ, ба масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба бандҳои нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ҳифз ва нигаҳдории захираҳои обӣ баромадҳо карда шуд. Баргузории чунин вохӯриву семинарҳо, тарғиби санаҳои экологӣ  барои баланд бардоштани донишу маърифати экологӣ мусоидат менамояд.

Читать далее

22 март – Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об

  Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои обӣ аз тарафи Ассамблеяи генералии СММ бори аввал санаи 22 марти соли 1993 ҷашн гирифта шуда буд. Ҳадафи асосии ин ид - баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар бораи муҳимияти манбаъҳои обӣ, зарурати истифодаи сарфакоронаи он, инчунин раҳнамун сохтани ҷомеа ва ҳар фарди дурандеш ҷиҳати андешидани чораҳои фаъолона барои ҳифз ва барқарор намудани  захираҳои об  мебошад. Об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат маҳсуб ёфта, сарсабзиву шукуфоӣ ва пайдоиши олам ба он марбут аст. Бешубҳа, дар он ҷое, ки об вуҷуд дорад, нишони ҳаёти зинда, ободонӣ ва хушбахтиву комронӣ низ дида мешавад. Тоҷикистони офтобии мо дорои захираҳои тамомнашавандаи он буда, ҳамасола қисми зиёди обҳои равони Осиёи Марказӣ маҳз аз кӯҳҳои сарбаафлоки кишвар ҳосил мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудааст.  Ин пешниҳод давоми мантиқии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба об мебошад, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон иқдом  карда шудааст ва бояд гуфт, ки барои боз ҳам баланд шудани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Читать далее

Амалӣ намудани назорати давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ

  Тибқи нақшаи кории шуъбаи назорати давлати истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҶСК «Таъминоти моҳӣ»-и шаҳри Гулистон оид ба амалї намудани пешниҳодҳои ҳифзи муҳити зист дар нимсолаи дуюми соли 2021 аз ҷониби нозирони сарраёсат мавриди санҷиш қарор дода шуд. Ёдовар мешавем, ки нақшаи чорабиниҳои мазкур 16 бандро дар бар гирифта, соли гузашта аз тарафи сарраёсат тасдиқ гардидааст ва ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи қарори Раиси вилояти Суғд аз 23.08.2018, №365 «Дар бораи пешбурди масъалаҳои ҳифз, парвариши сунъӣ ва такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ дар вилояти Суғд» нигаронида шудааст. Ҳангоми санҷиши рафти иҷрои бандҳо як қатор камбудиҳо ошкор гардид, ки нисбати онҳо шахси масъули коргоҳ - нозири минтақавии ҶСК «Таъминоти моҳӣ» бо дастрасии моддаи 223-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва ҷаримабандӣ ба амал омад.

Читать далее

18 March 2022

Ниҳолшинонӣ дар минтақаи истироҳатии шаҳри Гулистон

  Новобаста аз давом ёфтани боришот, номусоид омадани обу ҳаво ҷиҳати гузаронидани аксияҳои экологӣ ва оммавӣ баргузор намудани маъракаи ободонию кабудизоркунӣ, рӯзҳои истироҳат дар шаҳри Гулистон 300 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи ардач дар қадди роҳи минтақаи истироҳатии «Ташкентский» бо иштироки беш аз 60 нафар намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи муҳити зист, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва шаҳрвандон шинонида шуд. Дар натиҷа қариб 1,5 км ду тарафи қадди роҳ обод гардид. Мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ тибқи нақшаҳои пешбинигардида корҳои ободонӣ ва ниҳолшинониро амалӣ менамояд.

Читать далее

17 March 2022

Семинар – вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии об дар ноҳияи Айнӣ

  Яке аз ҳадафҳои асосии мақомоти ҳифзи муҳити зист ва ҳам ин ид - баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар бораи муҳимияти манбаъҳои обӣ, зарурати истифодаи сарфакоронаи он, инчунин раҳнамун сохтани ҷомеа ва ҳар фарди дурандеш ҷиҳати андешидани чораҳои фаъолона барои ҳифз ва барқарор намудани  захираҳои об  мебошад. Бо ин мақсад ҳар сол Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо бахшида ба ин санаи муҳими экологӣ чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла семинар, вохӯрӣ, аксияҳои экологӣ бо ҷалби хусусан ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор менамоянд. Ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Айнӣ буд, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии №1 маркази ноҳия бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об семинар – вохўрӣ бо иштироки хонандагон ва омўзгорон баргузор гардид.

Читать далее

14 March 2022

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

   Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи  ниҳол-шинонӣ, кабудизоркунӣ ва солим гардонидани муҳити зист, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, иҷрои нақша чорабиниҳои тасдиқ намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар қадди роҳи марказии ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов маъракаи кабудизоркунӣ  доир гардид. Он бо иштироки кормандони бахш ва аҳолии ҷамоати деҳот гузаронида шуда, дар роҳи марказӣ 200 бех ниҳоли дарахтони  сановбар  шинонида шуд. Корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, сояафкан ва ороишӣ дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ  идома дорад.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.