29 September 2022

Ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба маърифати экологӣ дар шаҳри Хуҷанд

   Дар доираи  амалӣ гардидани «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ҷаласаи аввалини Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир гардид. Дар он муовини аввали Раиси ш.Хуҷанд Ғайбуллозода Х. - раиси комиссия, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ш.Хуҷанд Дӯсматов А. - котиби комиссия, аъзоёни комиссия  - намояндагони шуъбаи маориф, бахши кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши фарҳанг, бахши саноат ва энергетика, шуъбаи иқтисод ва савдо, шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахши энергетика ва саноат, маркази  назорати давлатии  санитарӣ эпидемиологии шаҳр, шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаи хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятии Суғд дар ш.Хуҷанд, котиби матбуоти раиси шаҳр иштирок доштанд.

Читать далее

Ҷамъбасти озмуни «Пиряхҳои Тоҷикистон - сарчашмаи обҳои тозаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва омили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» дар байни кормандони воситаҳои ахбори омма

  Санаи 27 сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат бахшида ба 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Иҷлосияи ХУ1-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Пиряхҳои Тоҷикистон - сарчашмаи обҳои тозаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва омили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» байни кормандони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Зимни баромад сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад   нақши матбуот ва воситаҳои ахбори оммаро дар замони муосир қайд намуда, саҳми назарраси онҳоро дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ арзёбӣ намуд.  Сипас ба ғолибони озмун аз рӯи номинатсияҳои «Бахши телевизион» кормандони телевизиони «Синамо» Каримов О. ва “7 Ситора” Раҷабова Ӯ., номинатсияи «Бахши маводи матбуот» - корманди рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” Ваҳҳобова М. ва аълочии матбуоти Тоҷикистон  - Юсупов М. ва номинатсияи «Бахши радио» муҳаррири радиои вилояти Суғд Абдуллозода Н. ифтихорнома ва мукофотҳои пулии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  супорида шуд.  Озмуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасманд намудани рӯзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти экологӣ  роҳандозӣ гардидааст.

Читать далее

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Масчоҳ

  Дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлил ва ахбороту иттилоот ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар шоҳроҳи Хуҷанд - Чаноқ амалиёти «Ҳавои тоза» гузарониданд. Рафти амалиёт 32 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол гардид.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Ашт

  Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ашт баҳри  тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХУ1-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Кумбел, деҳаи Бободархони ҷамоати Понғоз бо иштироки кормандони беморхона ва маркази таълими ронандагӣ, аҳолии ҷамоатҳо, хонандагони муассисаҳои таълимии №№ 2, 28  ба миқдори умумии 500  нафар аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Мавзеи мазкур аз алафҳои хушку бегона ва партовҳои  пластикӣ ва мухталифи бесоҳиб пурра тоза карда шуда, 4,5 тн партовҳо ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.