January 2023

28 January 2023

Вохўрии кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо хонандагони муассисаи таълимӣ

   Тибқи нақшаи пешбинигардида ва барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд мақомоти зерсохтор дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо бо мақсади шарҳ додани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва ҷиҳати ташвиқу тарғиби эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» вохўриҳо гузаронида истодаанд. Дар давоми ҳафта кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №23 бо хонандагони синфҳои болоӣ вохўрӣ гузаронида, аз ҷониби сардори шуъба зимни баромад оид ба нуқтаҳои асосии Паёми навбатӣ, бо кадом мақсад татбиқ намудани «лоиҳаҳои сабз» хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла васеъ ҷорӣ карда шудани «энергияи сабз» муҳим мебошад, маълумот пешниҳод намуд. Ҳамчунин, дар бораи қабул шудани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон ҷиҳати эълон гардидани «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид таъкид карда шуд.

Читать далее

Ҳифзи парандагони ваҳшӣ дар ноҳияи Спитамен

  Маротибаи сеюм аст, ки дар ноҳияи Спитамен амалиёти «Ҳифзи ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ» гузаронида шудаст. Бо мақсади таъмини хўроки иловагӣ барои парандагоне, ки бисёр ҷамъ мешаванд дар ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳия, қаддӣ соҳили дарёи Сир, дар маҷмўъ 200 кг гандум ва 100 кг маккадона пошида шуд. Амалиёти мазкур аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зист якҷоя бо кормандони ташкилоти «Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон»-и ноҳия, инчунин бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардидааст.

Читать далее

Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Шаҳристон

   Бо мақсади тоза намудани қаддӣ шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанноқ, минтақаи ноҳияи Шаҳристон, бо иштироки беш аз 200 нафар намояндагони ташкилоту идораҳо, муассисаи ҳоҷагии ҷангал ва аҳолии ҷамоати деҳот ба шоҳроҳ наздик бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ» баргузор гардид. Дар рафти ин аксияҳои экологӣ зиёда аз 20 км қаддӣ шоҳроҳи мазкур, аз фаромади ақба то даромади шаҳри Истаравшан, аз партовҳои гуногун, хусусан партовҳои пластикӣ – зарфҳо ва халтачаҳои полиэтиленӣ тоза гардида, беш аз 4 метри мукааб партовҳо ҷамъ ва бароварда шудаст.

Читать далее

Вохўрӣ бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент

   Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент дар асоси барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд нақшаи чорабиниҳои шуъбаро оид ба гузаронидани вохўрӣ ҷиҳати ташвиқу тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаҳои таълимии соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ намудаст. Бо чунин мақсад, кормандони шуъба дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №25-и ҷамоати шаҳраки Суғдиён, МТМУ №85-и деҳаи Вешисти ҷамоати деҳоти Ёрӣ, МТМУ № 4-и ҷамоати деҳоти Саразм, МТМУ №81-и деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Косатарош ва МТМУ № 15-и шаҳр бо хонандагону омўзгорон вохўриҳо гузарониданд. Ҳамзамон, дар рафти ин вохўриҳо дар баробари шарҳ додани муҳтавои Паёми навбатӣ оид ба эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» низ таъкид карда шуд.

Читать далее

Беҳтар намудани вазъи зисти олами ҳайвоноти ваҳшӣ

  Барои беҳтар намудани вазъи зисти ҳайвоноти ваҳшӣ ва ташкил намудани хўроки иловагӣ дар ҳолати сард омадани обу ҳаво дар назди Даҳанасойи ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист корҳои биотехникӣ доир гардид. Тибқи маълумоти мутахассисон як қатор намуди ҳайвоноту парандаи ваҳшӣ, аз он ҷумла кабутар, хуки ёбоӣ, гург, харгуш,  рубоҳ, хирс, бузи куҳӣ, кабк ва дигар ҷонваронро дар мавзеи мазкур дидан мумкин аст ва сукунат доранд. Дар раванди баргузории чорабинӣ ба миқдори 150 кг гандуми майда, 250 кг ҷав, 300 кг картошкаи майда, 75 кг сабўс, 25 кг намак, 50 адад баста коҳи гандум ва алафи беда дар ҷойҳои ҷамъшавии ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ пошида шуд.

Читать далее

25 January 2023

Дар минтақаи шаҳри Истаравшан чорабиниҳои ҳифзкунандаи олами ҳайвоноти ваҳшӣ гузаронида шуд

   Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.01.2023, №2/12-05-59 дар минтақаҳои баландкўҳ ва доманакўҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» баргузор гардида истодааст. Бо мақсади беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз сармои зимистон бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан якҷоя бо Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар минтақаи Навободи ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳр, ки минтақаи сардтарин ва сербориштарин ба ҳисоб меравад, корҳои биотехникиро гузарониданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки зимни мушоҳидаҳои бисёрсола дар доманакӯҳ ва талу теппаҳои минтақаи мазкур, дар ҳаргуна вақт намудҳои ҳайвонот ва парандагони нодир, аз ҷумла рӯбоҳ, хирс, шоҳин, ҷайра, тазаври тоҷикӣ, бургут, каргас ва дигар намояндагони олами ҳайвонот дида мешаванд, ки шомили Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар маҷмўъ, рафти корҳои биотехникӣ 70 кг гандум, 60 кг ҷав, 40 кг лаблабуи сурх, 30 кг картошка, 20 кг намак ва 12 бастаи коҳи гандум дар доманакӯҳҳои ин минтақа пошида шуд. Барои минбаъд, аз сардиҳои фасли зимистон эмин нигоҳ доштани ҳайвоноту парандагоне, ки дар доманакӯҳ ва минтақаҳои сардтарин  сукунат доранд, гузаронидани чунин амалиёт ва корҳои биотехникӣ идома дода мешаванд.

Читать далее

Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Исфара

   Аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара бо мақсади ҳифз ва беталаф баровардани олами ҳайвонот ва паррандагон аз фасли сармо дар доманакуҳҳои куҳи Сиёҳ корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа дар мавзеи сукунати ҳайвонот 750 кг донагиҳои намудашон гуногун, 25 адад бастаи беда ва 100 кг намак ба замин пошида шуд. Рафти чорабинӣ тариқи телевизиони Сафина ба навор гирифта шуда, бо мақсади нигоҳ доштани ҳайвоноту паррандагоне, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданд, аз тарафи бахш гузаронидани корҳои биотехникӣ дар дигар минтақаҳо низ идома дода мешавад.

Читать далее

Корҳои биотехникӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

  Дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  № 2/12-05-59 аз 10.01.2023 ва иҷрои нақшаи кории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Айнӣ, Ашт, Масчоҳ, Деваштич, Ҷ.Расулов, Шаҳристон, Б.Ғафуров, Спитамен ва Исфара корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Чорабинии мазкур дар доманакуҳҳо ва мавзеи сукунати ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ гузаронида шуда, маводҳои хӯрока  ба монанди гандум - 900 кг, ҷав - 600 кг, бастаи юнучка - 60 кг, гушти мурғ - 200 кг, картошка - 330 кг, сабзӣ - 200 кг, намак - 350 кг, бастаи коҳи гандум - 80 кг, лаблабу - 40 кг, донаи ҷуворимакка - 300 кг, бастаи биринҷреза - 43 адад  пошида шуд. Рафти чорабинӣ тариқи телевизионҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистон, Синамо, Ҷаҳоннамо, Сафина, телевизиони вилояти Суғд ва телевизонҳои маҳаллӣ инъикос карда шуд.

Читать далее

18 January 2023

Паёми Пешвои миллат – роҳнамои ҷомеа

  Бо мақсади шарҳ додани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи корӣ, санаи 16 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат соати сиёсӣ бо иштироки намояндаи  Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд  Темирова Хайри Исломовна баргузор гардид. Сардори  Сарраёсат  Ҳакимзода А.Қ. вохӯриро оғоз намуда, қайд намуд, ки Паёми имсола барои мардуми шарифи Тоҷикистон дар соли таърихӣ - 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ Ватани азизамон пешниҳод гардида, чун раҳнамои ҷомеа ҳамчун дастури фаъолият дар татбиқи ҳадафҳои олии давлатсозию таҳкими истиқлоли Ватани азизамон мусоидат хоҳад кард. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шуда, соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул карда шуд.  Зимни баромади худ намояндаи КИ ҲХДТ дар ш.Хуҷанд Темирова Х.И. нуктаҳои асосии Паёмро шарҳ дода, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, бедор намудани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба маориф ва муҳити зист, аҳамияти ҷиддӣ додан ба тарбияи фарзандон, дастгирии қишри эҳтиёҷманди ҷомеа, аҳамияти саҳмгузории миллӣ дар рушди минбаъдаи давлатдорӣ ва ҳифзи ҳамешагии амну оромии кишвар ибрози андеша кард.

Читать далее

16 January 2023

Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айни.

    Дар асоси барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо иқдоми шуъбаву бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент  ва нохияи Айни бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳр ва иштироки намояндагони васоити ахбори омма дар парваришгоҳи Заравшон, мавзеъҳои Тегирмон, Раҷабалӣ ва  Нилуфари ш. Панчакент ва мавзеи Дашти Искодари нохияи Айни  корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ ба миқдори умумии гандум - 200  кг, ҷав - 150 кг, , бастаи  шолӣ – 43 адад,  намак – 100 кг,  ҷуворимакка – 100 кг пошида шуд. Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар ҳолати сард омадани ҳаво дар дигар мавзеъҳои баландкуҳи Панҷакент  ва нохияи Айни низ дар назар аст. Тибқи маълумот дар ин мавзеъҳо ҳайвонотҳо ба монанди хуки ёбоӣ, харгӯш, гург, хирс, бабри барфӣ, кабк ва дигар намуди паррандаҳои ваҳшӣ сукунат доранд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.