March 2023

31 March 2023

1 апрел - Рӯзи байналмилалии парандаҳо

  1 апрели соли 1906 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба муҳофизати паррандаҳо ба имзо расид. Дар кишвари собиқ Шӯравӣ таҷлили «Рӯзи байналмилалии паррандаҳо» аз 1 апрели  соли 1927 ба ҳукми анъана даромада буд. Аз соли 1994 ин ҷашн дар аксар кишварҳо дар доираи барномаи ЮНЕСКО «Инсон ва биосфера» таҷлил мегардад.     Хотиррасон бояд кард, ки парандаҳо яке аз қиркунандагони ҳашаротҳои зараровари кишоварзӣ маҳсуб меёбанд. Ҳар як фасл парандагони хоси худро дорад. Бо иваз шудани фасли сол парандаҳо низ макони зисти худро иваз мекунанд. Солҳои охир дар зери таъсири омилҳои гуногун, аз он ҷумла таъсири фаъолияти инсон, ба олами парандаҳо ба камшавии саршумор ва ҳатто зери хатари пурра маҳвшавӣ оварда расонида истодааст. Ба ҷуз  омили антропогенӣ, дигаргуншавии иқлим ва офатҳои табиӣ низ ба экосистемаҳои олами ҳайвонот зараровар таъсир расонидаанд. Дар байни гуногунии биологӣ, олами парандагон мавқеи хоса доранд. Дар таркиби олами ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатори парандаҳо мавқеи хоса дорад. Муайян карда шудааст, ки орнитофаунаи ҷумҳуриамон беш аз 400 намуд буда, аз ин миқдор 43 намуди онҳо ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудааст. Танҳо дар миқёси вилоятамон 22 намуди парандаҳо дар ҳолати нодир ва маҳвшудаистода қарор гирифтаанд, ки онҳоро олимон-орнитологҳо ба китоби «Намудҳои нодир ва маҳвшудаистодаи олами наботот ва ҳайвонот дар вилояти Суғд» ворид карданд.

Читать далее

Тақдими асари “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” ба Ғуфронзода Азиз

  Корманди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимов Бобоҷон ба сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз аз номи Раёсати Академия ҷилдҳои 1, 2 ва 3-и китоби арзишманди “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд”-ро тақдим намуд. Маврид ба зикр аст, ки асари “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” дар 5 ҷилд рўйи чоп омадааст. Китоб бо муаллифии олимону донишмандон, пажӯҳишгарону собиқадорони хизмати давлатӣ, вакилони мардумӣ, олимони ҷавон ва кормандони касбу кори гуногун таълиф ва ба нашр расидааст. “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” хидматҳои бедареғи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бозтоб намуда, дар замири ҳар хонанда тафаккури давлатдорию давлатсозиро ташаккул  медиҳад. Бешак, асар ҳамчун оинаи қаднамо корномаи бемисли Пешвои миллатро инъикос менамояд.

Читать далее

Гуфтугӯи мустақим доир ба масъалаҳои экологӣ

   Дар телевизиони вилояти Суғд сармутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар барномаи «Гуфтугўи мустақим» иштирок намуданд, ки мавзўъи барнома ба назорати давлатии ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бахшида шуд. Рафти барномаи мустақим ба тамошобинон маълумоти мухтасар доир ба мавзўъ пешниҳод гардид. Аз он ҷумла, дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар самти таълиму тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологӣ қабулгардида, қонунҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист, вазъи риояи қонунгузории соҳа дар вилоят, роҳандозии чорабиниҳои оқилона истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об, ҳолати назорати давлатӣ дар самти муомилот бо партовҳо дар вилоят ва корбарӣ ҷиҳати бартараф кардани партовҳои бесоҳиб, арзёбии пешрафти соҳаи моҳипарварӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ дар вилоят, пешгирии ҳолатҳои сайди ғайриқонунии моҳӣ, саҳмгузории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар маъракаи кабудизоркунӣ ва ҳамкории аҳолӣ бо мақомот дар пешниҳоди маълумот оид ба ҳолатҳои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби сармутахассисони сарраёсат иттилоъ ва ҳамзамон, ба аксарияти зиёда аз 20 адад саволҳои ба студия воридгардида ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Читать далее

Мизи мудаввар зери унвони «Тоҷикистон Ватани ташаббусҳои ҷаҳонӣ!»

  Бахшида ба эълон гардидани соли 2025 –“Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”  санаи 29 уми март дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо  бахши ҳифзи муҳити зист ва бо иштироки намояндагони шӯъбаи маорифи шаҳр, идораи рӯзномаи "Садои Конибодом", идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, маркази назоратии давлатии санитарию эпидемиологӣ, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷуёни коллеҷу литсейҳои шаҳр мизи мудаввар  баргузор гардид. Нахуст чорабиниро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Шерматова Ф. ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро ба муносибати пазируфта гардидани ташаббус ва пешниҳоди ҷаҳонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи эълон гардидани соли 2025 –“Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” табрик намуд. Мудири  бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом Рауфӣ Даврон зимни баромади худ зикр кард, ки боиси сарфарозист, ки моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи  махсус  тасдиқ  гардида,  мувофиқи он соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд.

Читать далее

20 March 2023

Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз Ғуфрон бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ

   Фарорасии иди Наврӯзи байналмилалии фархундапайро, ки баёнгари ҷаҳони маънавӣ, дурахши азалии донишу хирад, эҳсоси ватандорӣ ва сарчашмаи созандагии ниёгон ва аҳли диёр аст, ба ҳамаи ҳамкасбон ва дӯстдорони табиат самимона табрику таҳният мегӯям. Боиси ифтихор аст, ки пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омадани Наврӯз маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар саросари кишвар ранги тоза гирифта, аз ҷониби  ҳамватанонамон  дастгирии  ҳамаҷониба пайдо намудааст.Наврӯзро пеш аз ҳама ҷашни покизагиву тозагӣ ва ободкорӣ, ки ба соҳаи ҳифзи муҳити зист алоқамандии бевосита дорад, метавон номид. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ доир ба фазилатҳои Наврӯз баён дошта буданд: «Яке аз сифатҳои Наврӯз аз нав зинда шудани табиат мебошад ва оғози Наврӯз - оғози сол аст!». Яъне Наврӯз Соли нави аҷдодии мо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мо бояд барои боз ҳам зебову шукуфон шудани табиати  Ватани азизамон – Тоҷикистон саъю талош карда, сарватҳои табиӣ ва муҳити зисти онро ҳифз намоем. Бо истифода аз ин лаҳзаҳои фараҳбахш  Шуморо ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, бароятон  сиҳатмандии комил,  баракати  хонадон ва амалӣ  гаштани орзуву ниятҳои Наврӯзиатон ҳастам. Бигзор Наврӯзи имсола барои ҳар яки шумоён  наврӯзи шодирасон ва фатҳу нусратҳои бузург гардад, ба хонаву кошонаи ҳар яки мо пайку муждаи иқбол ва бахту саодати тоза орад! Наврӯзи оламафрӯз муборак!

Читать далее

Семинари омӯзишӣ бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об

  Дар толори сарраёсат тибқи нақшаи кории тасдиқгашта  барои нимсолаи якум, бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, семинари омўзишӣ барои мутахассисони вобаста ба самти ҳифзи захираҳои об баргузор гардид. Дар кори семинар тибқи барнома аз ҷониби сармутахассисони сарраёсат барои иштирокдорон баромадҳо доир ба Панҷумин  ибтикори  ҷаҳонии  кишвар оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра, «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», «Моҳияти санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи захираҳои об», «Фаҳмонидани моҳияти моддаҳои 173, 174, 175, 176, 178, 179-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашри нави соли 2022», «Тарзи гирифтани намунаҳои партовобҳо барои ташхис ва муҳлати гирифтани он», тарзи дуруст ҳисоб намудани зарарҳои ифлос намудан ва зарарҳои худсарона гирифтани об пешниҳод карда шуд. Семинари мазкур дар арафаи Рӯзи байналмилалии об бо мақсади расонидани ёрии амалӣ ба мутахассисони вобаста ба самти истифода ва ҳифзи захираҳои оби мақомоти ҳифзи муҳити зист дар иҷрои вазифаҳои касбӣ дар пешбурди фаъолияти минбаъда гузаронида шуд.

Читать далее

Насби овезаи иттилоотӣ дар ноҳияи Спитамен

  Бо мақсади ташвиқу тарғиби 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо», аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен дар кӯчаи марказии ба номи  Спитамен овезаи иттилоотӣ насб карда шуд. Насби чунин лавҳаҳои экологӣ баҳри баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолӣ маҳсуб меёбад.

Читать далее

Назорати татбиқи Барномаи давлатии соҳавӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

   Тибқи нақшаи пешбинигардида ва бо мақсади назорати рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси вилоят аз 26.05.2021, № 274 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва аз 22.11.2021, № 442 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ», фаъолияти сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии мазкур вобаста гардиданд ва ҳамзамон фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳия санҷида шуданд. Рафти гузаронидани омӯзишу таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ дар ноҳия маводи ҷойдоштаи сохторҳо мавриди санҷиш қарор гирифта, инчунин бо ҳар як роҳбар ё намояндаи сохторҳо, хусусан ҷамоати шаҳраку деҳот дар алоҳидагӣ сӯҳбату корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд ва камбудиҳои ҷойдошта низ қайд гардид. Дар бораи натиҷаи гузаронидани санҷиш ба унвони муовини Раиси вилояти Суғд, раиси Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят гузориши муфассал омода ва пешниҳод карда шуд.

Читать далее

Вохӯрӣ бо намояндагони ҷамоати деҳоти шаҳри Истаравшан дар рафти санҷиши татбиқи Барномаи давлатӣ

   Дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист шаҳри Истаравшан бо роҳбарияту намояндагони 10 адад ҷамоати деҳот ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», аз ҷумла Низомномаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ, гузаронидани ҷаласаҳои комиссия, тартиби дурусти нақшаи чорабиниҳо ва пешниҳоди ҳисоботу маълумот дар муҳлатҳои муайянгардида фаҳмонида дода шуд. Ба ҳар яке намояндаи ҷамоати деҳот китобчаи Барнома барои корбарии минбаъда тақдим гардид. Боиси қайд аст, ки чорабинии мазкур дар доираи гузаронидани санҷиши фаъолияти Комиссияҳои байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар шаҳри Истаравшан ба амал омада, ҳамчунин маводи сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки бевосита ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии мазкур вобаста гардиданд мавриди омўзишу таҳлил қарор гирифтанд. Дар бораи натиҷаҳои гузаронидани санҷиш ба унвони муовини Раиси вилоят, раиси Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд гузориши муфассал омода ва пешниҳод карда шуд.

Читать далее

Ба таваҷҷӯҳи кормандони воситаҳои ахбори омма, коршиносон!

Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рӯзноманигорон ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қатъномаи  Маҷмааи  Умумии Созмони  Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяҳо»  дар байни кормандони васоити ахбори омма барои беҳтарин маводи журналистӣ  дар мавзӯи  «Лозарҳои Тоҷикистон - манбаи обҳои зулол ва асоси рушди  иқтисоди «Сабз» озмун эълон менамояд. Ба озмун маводҳо  (дар бахши телевизион, радио ва рӯзнома) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.