20 March 2023

Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз Ғуфрон бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ

   Фарорасии иди Наврӯзи байналмилалии фархундапайро, ки баёнгари ҷаҳони маънавӣ, дурахши азалии донишу хирад, эҳсоси ватандорӣ ва сарчашмаи созандагии ниёгон ва аҳли диёр аст, ба ҳамаи ҳамкасбон ва дӯстдорони табиат самимона табрику таҳният мегӯям. Боиси ифтихор аст, ки пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омадани Наврӯз маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар саросари кишвар ранги тоза гирифта, аз ҷониби  ҳамватанонамон  дастгирии  ҳамаҷониба пайдо намудааст.Наврӯзро пеш аз ҳама ҷашни покизагиву тозагӣ ва ободкорӣ, ки ба соҳаи ҳифзи муҳити зист алоқамандии бевосита дорад, метавон номид. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ доир ба фазилатҳои Наврӯз баён дошта буданд: «Яке аз сифатҳои Наврӯз аз нав зинда шудани табиат мебошад ва оғози Наврӯз - оғози сол аст!». Яъне Наврӯз Соли нави аҷдодии мо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мо бояд барои боз ҳам зебову шукуфон шудани табиати  Ватани азизамон – Тоҷикистон саъю талош карда, сарватҳои табиӣ ва муҳити зисти онро ҳифз намоем. Бо истифода аз ин лаҳзаҳои фараҳбахш  Шуморо ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, бароятон  сиҳатмандии комил,  баракати  хонадон ва амалӣ  гаштани орзуву ниятҳои Наврӯзиатон ҳастам. Бигзор Наврӯзи имсола барои ҳар яки шумоён  наврӯзи шодирасон ва фатҳу нусратҳои бузург гардад, ба хонаву кошонаи ҳар яки мо пайку муждаи иқбол ва бахту саодати тоза орад! Наврӯзи оламафрӯз муборак!

Читать далее

Семинари омӯзишӣ бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об

  Дар толори сарраёсат тибқи нақшаи кории тасдиқгашта  барои нимсолаи якум, бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, семинари омўзишӣ барои мутахассисони вобаста ба самти ҳифзи захираҳои об баргузор гардид. Дар кори семинар тибқи барнома аз ҷониби сармутахассисони сарраёсат барои иштирокдорон баромадҳо доир ба Панҷумин  ибтикори  ҷаҳонии  кишвар оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра, «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», «Моҳияти санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи захираҳои об», «Фаҳмонидани моҳияти моддаҳои 173, 174, 175, 176, 178, 179-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашри нави соли 2022», «Тарзи гирифтани намунаҳои партовобҳо барои ташхис ва муҳлати гирифтани он», тарзи дуруст ҳисоб намудани зарарҳои ифлос намудан ва зарарҳои худсарона гирифтани об пешниҳод карда шуд. Семинари мазкур дар арафаи Рӯзи байналмилалии об бо мақсади расонидани ёрии амалӣ ба мутахассисони вобаста ба самти истифода ва ҳифзи захираҳои оби мақомоти ҳифзи муҳити зист дар иҷрои вазифаҳои касбӣ дар пешбурди фаъолияти минбаъда гузаронида шуд.

Читать далее

Насби овезаи иттилоотӣ дар ноҳияи Спитамен

  Бо мақсади ташвиқу тарғиби 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо», аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен дар кӯчаи марказии ба номи  Спитамен овезаи иттилоотӣ насб карда шуд. Насби чунин лавҳаҳои экологӣ баҳри баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолӣ маҳсуб меёбад.

Читать далее

Назорати татбиқи Барномаи давлатии соҳавӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

   Тибқи нақшаи пешбинигардида ва бо мақсади назорати рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси вилоят аз 26.05.2021, № 274 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва аз 22.11.2021, № 442 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ», фаъолияти сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии мазкур вобаста гардиданд ва ҳамзамон фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳия санҷида шуданд. Рафти гузаронидани омӯзишу таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ дар ноҳия маводи ҷойдоштаи сохторҳо мавриди санҷиш қарор гирифта, инчунин бо ҳар як роҳбар ё намояндаи сохторҳо, хусусан ҷамоати шаҳраку деҳот дар алоҳидагӣ сӯҳбату корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд ва камбудиҳои ҷойдошта низ қайд гардид. Дар бораи натиҷаи гузаронидани санҷиш ба унвони муовини Раиси вилояти Суғд, раиси Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят гузориши муфассал омода ва пешниҳод карда шуд.

Читать далее

Вохӯрӣ бо намояндагони ҷамоати деҳоти шаҳри Истаравшан дар рафти санҷиши татбиқи Барномаи давлатӣ

   Дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист шаҳри Истаравшан бо роҳбарияту намояндагони 10 адад ҷамоати деҳот ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», аз ҷумла Низомномаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ, гузаронидани ҷаласаҳои комиссия, тартиби дурусти нақшаи чорабиниҳо ва пешниҳоди ҳисоботу маълумот дар муҳлатҳои муайянгардида фаҳмонида дода шуд. Ба ҳар яке намояндаи ҷамоати деҳот китобчаи Барнома барои корбарии минбаъда тақдим гардид. Боиси қайд аст, ки чорабинии мазкур дар доираи гузаронидани санҷиши фаъолияти Комиссияҳои байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар шаҳри Истаравшан ба амал омада, ҳамчунин маводи сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки бевосита ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии мазкур вобаста гардиданд мавриди омўзишу таҳлил қарор гирифтанд. Дар бораи натиҷаҳои гузаронидани санҷиш ба унвони муовини Раиси вилоят, раиси Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд гузориши муфассал омода ва пешниҳод карда шуд.

Читать далее

Ба таваҷҷӯҳи кормандони воситаҳои ахбори омма, коршиносон!

Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рӯзноманигорон ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қатъномаи  Маҷмааи  Умумии Созмони  Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяҳо»  дар байни кормандони васоити ахбори омма барои беҳтарин маводи журналистӣ  дар мавзӯи  «Лозарҳои Тоҷикистон - манбаи обҳои зулол ва асоси рушди  иқтисоди «Сабз» озмун эълон менамояд. Ба озмун маводҳо  (дар бахши телевизион, радио ва рӯзнома) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд.

Читать далее

Корҳои безараргардонӣ ва рӯйпушкунии партовгоҳи шаҳри Исфара

  Бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ , пешгирии таъсири партовгоҳ ба муҳити зист ва татбиқи нақша чорабиниҳои Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2023-2028, бо иқдоми мақомоти ҳифзи муҳити зист ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳри Исфара корҳои безараргардонӣ ва руйпӯшкунии партовгоҳ ба масоҳати 10 га оғоз гардид. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара партовгоҳи партовҳои сахти машишии КДФ «ХМК»-и шаҳр дар 18 км аз тарафи ғарбии шаҳр дар минтақаи Мохпарии шахри Исфара воқеъ буда, масоҳаташ 32 га-ро ташкил медиҳад.

Читать далее

Насби лавҳаи экологӣ дар шаҳри Исфара

   Аз тарафи шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд насби лавҳаҳои иттилоотӣ идома дорад. Чунин лавҳаи иттилоотии экологӣ дар кӯчаи марказии шаҳри Исфара насб карда шуд, ки мавзӯи асосӣ - ин аз ҷониби СММ эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» мебошад.Солҳои охир насби чунин овезаҳои экологӣ ба ҳукми анъана даромада, боиси баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мегардад.

Читать далее

Насби лавҳаи экологӣ дар шаҳри Истаравшан

  Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд. Лавҳаҳо дар хиёбони марказии Истиқлол ва назди бинои бахши ҳифзи муҳити зист, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ насб  гардид.

Читать далее

Насби лавҳаҳои иттилоотӣ дар шаҳри Гулистон

  Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, эълон гардидани  соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо», аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар  миқёси шаҳри  Гулистон лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд. Лавҳаҳо дар  кучаҳои марказии Истиқлол ва Суғдиён, инчунин дар назди бинои маъмурии  бахши ҳифзи муҳити зист  дар шаҳри Гулистон насб гардид.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.