Вазифаҳои асосии шуъба

Category: Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо Written by Администратор Hits: 5139

- назорати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ оид ба истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳо аз ҷониби корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз тобеият ва шакли моликият, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон.

- таъмини иҷрои сиёсати ягонаи идора ва назорати истифодаи оқилонаи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳо дар доираи ваколати муайяншуда дар марзи маъмурии вилоят.

- назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаҳои истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳо, риояи меъёрҳои бехатарии экологӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқию воқеъӣ, новобаста аз шакли моликият, тобеъият, мансубият ва шарҳвандӣ.

 - назорати истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳо

- риояи тартиби муқараргардидаи ҷудокунии меъёри истифодабарии табиат

- банақшагирӣ, таҳия ва гузаронидани чорабиниҳо оиди ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳо, таъмини риояи меъёрҳо ва  бо низом кам кардани моддаҳои ифлоскунанда ба табиат.

- татбиқи комёбиҳои илму техника ва таҷрибаи пешқадам дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар соҳаҳои истифодабарӣ ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳо.