Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба муносибати 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1342

  Кормандони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол санаи 5 июн иди касбии худро қайд менамоянд. Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад, зеро ҳамасола дар кишварҳои гуногун чорабиниҳои расмӣ доир мегарданд, ки ин ба ҷалби тамоми аҳли ҷомеа ба муаммоҳои мубрами экологии кишварҳо кӯмак ва саҳмгузорӣ менамояд. Таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷўҳи оммаи васеъ ба масоили экологӣ имконияти хубест. Бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соҳаи ҳифзи муҳити зист рушду нумӯъ ёфта, дар вусъати бунёдкорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони кишвар ва омодагӣ ба ҷашнҳои давлатии миллӣ саҳми арзанда дорад.Дар тамоми гӯшаю канори кишвари азизамон айни замон раванди ободониву созандагӣ бо маром идома дошта, ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ мехоҳад бо дастовези арзанда 25-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирад. Ин ҳама пешравию ободкориҳо самараи таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ мебошанд. Ба муносибати Рўзи байналмилалии муҳити зист тамоми дўстдорони табиатро табрику муборакбод гуфта, сиҳатмандиву сарбаландӣ ва дар фаъолияти меҳнатӣ барори кору муваффақиятҳои рӯзафзунро баҳри ҳифзи табиати бою нотакрори Ватани маҳбубамон орзу менамоям. Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборак!