Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист аксияи «Тозагии соҳил» дар вилояти Суғд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1357

  Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии дар пешистода ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист ба муносибати 50-ум солгарди Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар миқёси вилоят бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар аксия намояндагони ташкилоту идораҳо, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи умумӣ, шаҳрвандон ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот, дар маҷмуъ  беш аз 10,5 ҳазор нафар иштирок доштанд. Дар натиҷаи баргузории аксияи мазкур 41,6 километр соҳили манбаҳои обӣ аз партовҳои гуногун, аз ҷумла партовҳои пластикӣ тоза гардида, ба партовгоҳои шаҳру ноҳияҳо 64,3 метри мукааб партовҳо интиқол дода шудааст.