Баргузории вохӯрӣ ва аксияи экологӣ таҳти унвони "Ояндаи бидуни пластик!" дар шаҳри Истаравшан

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2152

  Тибқи нақшаи пешбинигардида, санаи 18 августи соли 2021 дар шаҳри Истаравшан аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии "Сафӣ" дар доираи татбиқи лоиҳаи "Ҷаҳон бидуни маҳсулоти пластикӣ", ки аз ҷониби ташкилоти байналхалқии Юнисеф дастгирӣ карда мешавад, вохӯрии иттилоотӣ ва аксияи "Ояндаи бидуни пластикӣ" баргузор гардид. Дар он намояндагони сохторҳои МИҲД-и шаҳри Истаравшан, мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҷамоати шаҳраку деҳот, раисони кумитаи маҳаллаҳо, соҳибкорон, сокинони фаъоли шаҳр, бахши ҷавонони шаҳр, волонтёрон ва аъзои ташкилоти ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат" иштирок доштанд. Намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баромад карда, доир ба зарари маҳсулоти пластикӣ маълумоти муфассал дод.  Зикр гардид, ки татбиқи лоиҳаи мазкур  бо мақсади  паст намудани таъсири зарари маводи пластикӣ ба саломатии инсон ва умуман ба ҷомеа роҳандозӣ гардидааст.

  Ҳадафи гузаронидани чунин вохӯриҳои иттилоотӣ дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва татбиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои  "Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025"  буда, мақсади асосии лоиҳа дар оянда ташкили коргоҳҳои коркарди партовҳои пластикӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли халтаҳои қоғазӣ ва аз матоъ мебошад. Яъне, татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки партови қуттиҳои пластикӣ кам ва маҳал тоза гардад. Дар рафти аксия, ки дар назди мағозаи калонтарини шаҳри Истаравшан баргузор гардид, дар маҷмӯъ 500 адад халтаҳои қоғазӣ ва 500 адад халтаҳои аз матоъ истеҳсол шуда ба аҳолӣ тақсим карда, ҳамагонро барои дастгирии ин пешниҳод, баҳри солимии ҷомеа ва тоза нигоҳ доштани шаҳр даъват ба амал оварда шуд. Ҳифз ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист қарзи шаҳрвандии  ҳар яки мо ба шумор меравад.