18 Январь 2025

Баргузории аксияи "Тозагии соҳил" дар шаҳри Гулистон

  Санаи 17.01.2025 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар соҳили "Баҳри тоҷик" аксияи "Тозагии соҳил" бо мақсади тозаву озода намудани соҳили баҳр, ки мавзеи истироҳативу фароғатӣ аст ва ҳамарӯза меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар барои истироҳат ташриф меоранд баргузор гардид. Дар рафти баргузории аксияи мазкур соҳили баҳр аз партовҳо тозаву озода карда шуд.

Читать далее

Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Шаҳристон

  Бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, таъмини иҷрои нақшаи корӣ, бо иштироки кормандони сарраёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон  минтақаи “Дараи сабз”  корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Рафти чорабинӣ барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин мавзеъ маҳсулотҳо  ба монанди картошка, резаи гандум, ҷав ва ҷуворимакка, намак, сабзӣ, карам, бастаибедавакоҳ истифода бурда шуд. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди гург, бузи кӯҳӣ, хуки ёбоӣ, харгӯш, кабк ва дигар намуди парандаҳо сукунат доранд. Ҳангоми  сард омадани ҳаво дар дигар минтақаҳои баландкӯҳи вилоят гузаронидани корҳои биотехникӣ пешбинӣ гардидааст.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.