Ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба маърифати экологӣ дар шаҳри Хуҷанд

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 1173

   Дар доираи  амалӣ гардидани «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ҷаласаи аввалини Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир гардид. Дар он муовини аввали Раиси ш.Хуҷанд Ғайбуллозода Х. - раиси комиссия, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ш.Хуҷанд Дӯсматов А. - котиби комиссия, аъзоёни комиссия  - намояндагони шуъбаи маориф, бахши кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши фарҳанг, бахши саноат ва энергетика, шуъбаи иқтисод ва савдо, шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахши энергетика ва саноат, маркази  назорати давлатии  санитарӣ эпидемиологии шаҳр, шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаи хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятии Суғд дар ш.Хуҷанд, котиби матбуоти раиси шаҳр иштирок доштанд.

   Дар ҷаласа  пас аз ҳисоботи котиби комиссия Дӯсматов А. оид ба корҳои иҷрошуда, аз тарафи раиси комиссия бо намояндагони шуъбаи маориф, бахши кор бо ҷавонон ва бахши фарҳанг музокира сурат гирифт. Дар интиҳои ҷаласа вазифагузорӣ карда шуд, ки сохторҳои масъул тибқи нақшаи чорабинӣ оид ба маблағҳои сарфгардида маълумот пешниҳод намуда, сохторхои масъули барнома дар ҳамҷоягӣ бо шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ш.Хуҷанд баҳри  рушди тарбия  ва маърифати экологии аҳолӣ  тадбирҳои иловагӣ андешад.