07 Июнь 2022

Амалиёти назоратӣ ҷиҳати пешгирии ифлосшавии ҳавои атмосфера

  Дар асоси нақшаи пешбинигардида, дар кӯчаи марказии ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят амалиёти «Ҳавои тоза» баргузор гардид. Дар рафти амалиёти мазкур 30 адад нақлиёти тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида, нисбати 4 адад ронандагон барои аз меъёр зиёд ихроҷ намудани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз нақлиёт ва вайрон кардани стандартҳои амалкунанда протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаст.

Читать далее

Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

  Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар он муовини раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом, роҳбарони муассисаву ташкилотҳо, намояндагони хоҷагии манзиливу коммуналӣ, раисони ҷамоатҳо ва бахши маориф иштирок доштанд. Бо суханони табрикӣ муовини раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом  табрикоти раиси ноҳияро ба ҳозирин расонида, ба кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, ба роҳбарони муассисаву ташкилотҳое, ки дар беҳдошти муҳити зисти ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд,  сипосномаву туҳфаҳо тақдим  намуд.

Читать далее

Тарғиби маърифати экологӣ асоси фаъолият

  Дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист нишаст баргузор гардид. Азиз Дўстматов, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд таъкид дошт, ки ҳамасола дар қаламрави олам санаи 5-уми июн ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил мегардад. Воқеан ҳам вазъи муҳити зист дар сайёра дигаргун мегардад ва мо, сокинони сайёраро зарур меояд, ки баҳри ҳифз ва ҳимояи неъматҳои табиат талош варзем. Эълом гардидани Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист маҳз ҳамин маъниро дорад ва барои огоҳӣ пайдо намудани ҷомеа ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии онҳо вобаста ба муаммоҳои экологӣ тадбири асосӣ ва саривақтӣ маҳсуб меёбад. Инсон бо табиат робитаи зич дорад ва онро чун манбаи ҳастӣ барои зиндагии хеш истифода мебарад. Сипас барои саҳмгузорӣ дар ҳамкории мутақобилан судманд сармуҳаррири рўзномаи “Тирози ҷаҳон” Муҳайё Воситзода, сардори Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод, наворбардори Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Зокирҷон Холов ва роҳбарони литсейҳои политехникӣ, сохтмонӣ, касбӣ-хизматӣ, техникии шаҳри Хуҷанд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии шуъбаи ҳифзи муҳити зист қадршиносӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки дар оянда низ барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зисти шаҳр, тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ, маърифати  экологӣ ва тарзи ҳаёти тозаву солим дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд корҳо тақвият бахшида мешавад.

Читать далее

Аксияи “Тозагии маҳал” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист

  Бо ташаббус ва ибтикори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар шаҳраки Бӯстон аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд, ки дар он гурӯҳи волонтиёрон аз ҳисоби донишҷӯёни коллеҷи кишоварзии ноҳия кӯчаву гулгаштҳо ва назди каналҳои обгузарро аз партовҳо пурра тоза намуданд. Бахш тасмим гирифтааст, ки чунин корҳои тозагиро дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома диҳад.

Читать далее

Ҳифзи табиат - ҳифзи ватан

  Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии идона раиси ноҳия Аъзам Ализода ва муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Бунёд Абдумаликзода ширкат варзида, сокинони ноҳияро ба ин муносибат табрик гуфтанд. Раиси ноҳия бо таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ва ҳифзи муҳити зист, таъкид намуд, ки “дар партави дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ барои татбиқи сиёсати экологӣ, ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои он тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам гардидааст.” Зикр карда шуд, ки ҳамасола чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ, аксияҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар заминаи татбиқи Барномаи давлатии марбут ба баланд бардоштани маърифати экологӣ дар сатҳи зарурӣ баргузор карда мешаванд.

Читать далее

Таҷлили Рӯзи байналмиллалии муҳити зист дар вилояти Суғд

  Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист санаи 3 июн дар назди театри мазҳакаи мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи эстрадаи тоҷик консерти идона баргузор гардид. Дар қисми расмӣ бо суханони табрикӣ муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, намоянда аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев Абдусалим ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баромад намуда, як қатор собиқадорону кормандони соҳа барои хизматҳои шоиста, ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии экологӣ, барои ҳамкорӣ ва гузоштани саҳми арзанда дар беҳдошти муҳити зист намояндагони корхонаҳои калони саноатии вилоят, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма бо сипосномаву тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.