Ҳангоми гузаронидани амалиёти назорати давлатӣ мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сӯзонидани партов ва алафҳои хушкшударо дар қадди роҳ аз тарафи П.Т. сокини шаҳр ошкор намуданд, ки дар натиҷа дуди ғализи он ба муҳити атроф паҳн шуда, ҳавои атмосфераро вайрон кардааст. Нисбати қонуншикан бо моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера" ва моддаи 231-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмури тартиб дода шуд, ки ҷаримаи он аз 5 то 10 нишондиҳанда пешбинӣ гардидааст.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Истаравшан
Баҳри тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист ва беҳтар намудани ҳолати экологӣ бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан дар шоҳроҳи Душанбе Чаноқ минтақаи деҳаи Қалъачаи араб дар 4 нуқта партовҳои бесоҳиб тариқи ду техникаи калонҳаҷм ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуд. Рафти корҳо тариқи телевизион ба навор гирифта шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.
Амалиёти назоратӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ
Ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назорати давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ аз тарафи кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар минтақаи Сартуқай воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров, ҳолати риоя накардани қоидаҳои моҳидорӣ ошкор карда шуд. Дар натиҷа нисбати 3 нафар қонуншиканон дар ҷояш протоколҳои ҳуқуқвайронунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Телефони боварии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд фаъол шуд
Бо мақсади иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар беҳбудии муҳити зист, пешгирии қонунвайронкуниҳои экологӣ, аз ҷумла, партофтани партовҳои маишӣ, бе иҷозат буридани дарахтон, сӯзонидани партову барги дарахтон ва дигар ҳолатҳои вайронкунии талаботҳои қонунҳои амалкунандаи ҳифзи муҳити зист сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд барои қабули муроҷиати шаҳрвандон телефони бовариро ташкил намудааст. Телефони боварӣ шабонарўзӣ фаъол буда, ҳар як сокини вилоят метавонад оид ба ҳама гуна нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба қабулгоҳи ҷамъиятии экологӣ тариқи мессенҷерҳои вотсап ва телеграмм хабар расонад. Сарраёсат он шаҳрвандонеро, ки фаъолнокиро нишон медиҳанд ҳар семоҳа натиҷабардорӣ намуда бо туҳфа қадрдонӣ менамояд.
10 октябр - Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир
Бисёр парандагон баробари саршавии тирамоҳ ва камшавии хӯрок ба чойҳои гарм парвоз карда мераванд. Олимон муайян кардаанд, ки кӯчи парандагон ба тағйирёбии мавсими шароити зиндагӣ ва камшавии хӯрок вобаста мебошад. Барои чуҷабарорӣ парандаҳои ноҳияҳои шимолӣ ва иқлимашон муътадил ба ҷойҳои гарм парвоз мекунанд. Одатан, дар аввали баҳор ба ҷойи сукунати худ парвоз кардани парандагон ба зуҳуроти ғаризавии (инстинктӣ) таносул ё ки афзоишкунӣ вобаста мебошад. Кӯчи тирамоҳӣ ба кам шудани хӯрок, кутоҳ, шудани рӯз ва сардшавии ҳаво вобаста мебошад, ки ин тағйироти мавсимӣ гӯё бонгест барои парвоз карда рафтан аз маҳалли бехӯрок. Ҳамин тариқ кӯчи мавсимӣ амалиёти ғаризавии (инстинктӣ) парандагон мебошад, ки дар давоми миллионҳо сол бо таъсири омилҳои мавсимии сол ба вуҷуд омадааст. Аввалин шуда аз ҷумҳуриамон булбулҳо, заргулдор, достак ва фароштурукҳо кӯч мебанданд. Баъдтар баробари сардшавии ҳаво ғозҳо, мурғобӣ ва турнаҳо мераванд. Лаклаки сафед барои зимистонгузаронӣ ба масофаи хеле дур ба Африкои ҷанубӣ парвоз карда меравад. Маълум карда шудааст, ки бисёр намудҳои парандаҳои Тоҷикистон дар Африкои ҷанубӣ ва Ҳиндустон зимистонро мегузаронанд. Аввали баҳор ин парандаҳо боз парвоз карда меоянд.
Page 1 of 318