Б
о як ҷаҳон ифтихору арҷгузорӣ ҳамаи Шумоёнро бо ҷашни бузурги миллат 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо самимона табрику таҳният мегӯям. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери Парчами миллии худ ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо меҳнати бунёдкорона мушкилоту монеаҳои сангинро паси сар намуда кишвари маҳбубамонро ба марҳилаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонад. Бо шарофати ин ҷашн оромию субот дар кишвари азизамон дучанд гардида, мардуми сарбаланди мо дар роҳи расидан ба волотарин ормонҳои хеш ба дастовардҳои арзанда мушарраф ва дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Президенти мамлакат пайваста саҳмгузоранд. Бо изҳори ниятҳои нек ҳамаи дӯстдоронитабиат, табиат-истифодабарандагон, собиқадорон ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зистро бо ҷашни муқаддас 35- умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон саодатмандиву иқболи нек, пешрафту дастовардҳои навин дарфаъолиятимеҳнатӣ баҳриҳифзитабиатибоюнотакрориВатанибиҳиштосоямон орзумандам. Бигузор сулҳу субот ва ифтихор аз муқаддасиву пойдории истиқлолияти кишвари азизамон поянда ва ҷовидон бимонад. Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Б
ахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Суҳроб Холзода, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар вилоят, собиқадорони соҳа ва кормандон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Суҳроб Холзода ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар вилоят Аъзамҷон Шарипов зимни баромад таъкид намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери Парчами миллӣ ва таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик муттаҳид гардида, бо меҳнати бунёдкорона мушкилоту монеаҳои сангинро паси сар намуданд ва кишвари маҳбубамон ба марҳилаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расид.
Аксияҳои экологии «Тозагии маҳал ва роҳ» дар ноҳияи Б.Ғафуров
Д
ар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Исфисор, Ёва, Ғозиён, ҷамоати деҳотҳои Чашмасор ва Д.Холматов, ҷамоати шаҳраки Б.Ғафуров, ҷамоати деҳотҳои Хистеварз ва Овчиқалъача, шоҳроҳи Хуҷанд - Ашт - Б.Ғафуров бо иштироки фаъолонаи аҳолии ҷамоати деҳотҳо ва шаҳракҳо, кормандони корхонаву ташкилотҳо аксияҳои «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шуд. Ҷараёни аксия иштирокчиён гирду атрофи шафати роҳҳои асосӣ, ҳудуди маҳаллаҳоро аз партовҳои гуногун ва алафҳои бегона тоза намуда, партовҳои ҷамъшуда тавассути техникаҳо ба партовгоҳ ингтиқол дода шуд. Гузаронидани чунин аксияҳои экологӣ дар дигар минтақаҳои ноҳия идома дорад.
Истаравшан: шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид
Б
аҳри иҷрои супориши протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ 22 августи соли 2026 дар шаҳри Истаравшан шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид. Дар шанбегӣ зиёда аз 1000 нафар кормандони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳо, беморхонаи марказӣ, марказҳои саломатӣ, кормандони соҳаи маориф, маҳаллаҳо ва нуқтаҳои савдо фаъолона иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар ҳудуди 10 ҷамоати деҳот ва шоҳроҳ сокинон аксияи "Тозагии маҳал" баргузор намуда, канори роҳҳо, ҷуйборҳо, каналу обравҳо, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ тоза карда шуданд. Бояд қайд намуд, ки бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан тасмим гирифтааст, ки ҳафтаҳои минбаъда низ чунин корҳои тозагиву ободониро ташкил ва баргузор намояд.
Аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар шаҳри Хуҷанд
Б
о мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси вилоят аксияҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» бомаром идома дорад. Ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, беҳтар намудани вазъи экологӣ рўзҳои истироҳат дар шаҳри Хуҷанд аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксияҳо зиёда аз 700 нафар кормандони ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои тиббӣ фаъолона иштирок намуда, 2000 метр соҳили дарё , 3000 метр ҳудуди шоҳроҳ ва ҷуйборҳо аз партовҳои гуногуни маишӣ тоза карда шуда, ба партовгоҳи шаҳри 15 м3 партовҳо интиқол дода шуд.
Страница 1 из 336






