
Рӯзи умумиҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир (WMBD) аз соли 1993 инҷониб бо дархости парандашиносони (орнитологҳои) ташхисгоҳи Корнеллии ИМА ҳар рӯзи шанбеи дуюм ва якшанбеи дуюми моҳи май таҷлил мегардад ва асосан дар он ҷо ҷашн гирифта мешавад. Аксарият давлатҳо дар як сол ду маротиба - шанбеи дуюми моҳи май ва шанбеи дуюми моҳи октябр ҷашн мегиранд. Ҳадафи ин сана - ҷалби таваҷҷӯҳи бештари ҷомеа ба тағироти вазъи глобалии экологӣ мебошад, ки ба нобудшавии экосистемаи манзилҳои парандаҳо ҳам дар тобистон ва ҳам дар зимистон мусоидат мекунанд. Инчунин, баргардонидани он шароити табиӣ мебошад, ки барои парандаҳои муҳоҷир ҷиҳати парвариши насл ва муҳоҷират шинос ва қулай мебошанд. Инчунин ба қадри имкон васеътар огоҳ кардани аҳолӣ дар бораи аҳамияти нигоҳ доштани саршумор ва парандаҳои муҳоҷир мебошад.




Чорабиниҳои ҳифзкунандаи моҳӣ дар мавсими тухмигузории соли ҷорӣ идома доранд ва
Бахшида ба ҷашнҳои миллии дар пеш истода, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, кормандони шуъбаи назорати таҳлилии Раёсат ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия
Б


