Вохўрӣ бо маорифчиёни ноҳияи Ҷ.Расулов

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 5219

    Мувофиқи нақшаи пешбинигардида, санаи 16.04.2019 дар толори муассисаи таълимии №6 ноҳия баҳри татбиқи "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" вохўрӣ бо маорифчиёни ноҳия, аз он ҷумла директорони мактаб ва омўзгорони фанни табиатшиносӣ, дар маҷмуъ 150 нафар доир гардид. Дар рафти мулоқот намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар бораи барнома, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, чораҷўиҳо барои ҷойгиронии гайрирасмии партовҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Чумхурии Тоҷикистон, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои зарурияти тарбия ва маърифати экологии кўдакону ҷавонон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуд.

    Дар рафти вохўрӣ саволу ҷавоб амалӣ гардида, ба саволҳои омўзгорон ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Дар интиҳо ба китобхонаи шуъбаи маорифи ноҳия 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.