Д
ар рӯзҳои паст фаромадани ҳарорат, боришоти барф ва сард омадани обуҳавои моҳи январи соли 2026 дар минтақаҳои кӯҳии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Деваштич, Ашт ва дуюм маротиба Истаравшан аз ҷониби зерсохторҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд баргузории амалиёти «Ҳифзи ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ» идома дода шуд. Ҳангоми гузаронидани корҳои биотехникӣ бо мақсади беталаф баровардани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз сармои зимистон таъминот бо хӯроки иловагӣ ба амал омада, ҳаҷми маводу намуди маҳсулоти зерин истифода гардид: дар шаҳри Исфара - 250 кг-мӣ гандум ва ҷав, 200 кг маккадона, 100 кг намак, 150 кг-мӣ сабӯс ва хӯроки омехта, 100 кг сабзӣ ва 20 банд бастаи беда; дар шаҳри Истаравшан - 90 кг-мӣ гандум ва ҷав, 40 кг намак, 80 кг-мӣ сабӯс, 20 бандӣ бастаи каҳ ва беда; дар шаҳри Конибодом - 400 кг гандум, 200 кг-мӣ ҷав ва маккадона; дар ноҳияи Деваштич - 300 кг-мӣ гандум ва ҷав, 50 кг намак, 250 кг сабзӣ, 20 банд бастаи каҳ ва 15 банд бастаи беда; дар ноҳияи Ашт - 270 кг гандум, 880 кг маккадона, 185 кг намак ва 200 банд бастаи алаф. Марид ба қайд аст, ки дар минтақаҳои баландкӯҳ ва доманакӯҳҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Деваштич, Ашт, Шаҳристон, Ҷ.Расулов, инчунин дар минтақаҳои болооб ва соҳилҳои обанбори «Баҳри Тоҷик» давоми як моҳ, ҳамагӣ 11 маротиба амалиёти «Ҳифзи ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар муассисаи таълимии шаҳри Гулистон оид ба ташвиқу тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид
Б
о мақсади иҷрои нақшаи корӣ ва супориши протоколии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо доир ба омӯзиши матн ва ташвиқу тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии мамлакат санаи 16 декабри соли 2025 баён гардид,ҷиҳати гузаронидани вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимии соҳаи маориф ва дигар муассисаю ташкилоти ҳудуди маҳал, аз ҷумла бо ҷалби намояндагони КИ ҲХДТ, устодон, омӯзгорону коршиносон барқияи фаврӣ ирсол гардид. Дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон вохӯрӣ бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ташкил ва гузаронида шуд. Дар рафти вохӯрӣ ба иштирокдорон оид ба нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, ташаббусҳои Тоҷикистон ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» ва дар бораи дигар масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ суханронӣ карда шуд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
Б
о мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва таъмини иҷрои нақшаи амали соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳар ҳафта, вобаста аз обу ҳаво чорабиниҳои шинонидани ниҳолҳои намуди ороишии ҳамешасабз гуаронида шуда истодааст. Дар шаҳри Гулистон ҳангоми ду маротиба гузаронидани аксияи ниҳолшинонӣ дар ҳудуди боғи назди кӯчаи ба номи А.Ҷомӣ, дар назди дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ ва гардиши минтақаи истироҳатии шаҳр 510 бех ниҳолҳои намуди санавбар ва 200 бех намуди ардач бо иштироки раиси шаҳр шинонида шудааст. Ҳамзамон, дар даромадгоҳи ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд, раиси шаҳр ва сокинони ҷамоати шаҳрак 55 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишии санавбар шинонида шуд. Дар шаҳри Исфара чорабинии ниҳолшинонӣ бо иштироки 350 нафар шаҳрвандон ба амал омада, дар рафти он 2000 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи ороишии санавбар шинонида шуд ва баргузории чунин чорабинӣ бо нинонидани ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз дар қадди шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ дар ноҳияи Шаҳристон низ амалӣ гардидааст. Маъракаи ниҳолшинонӣ дар миқёси вилояти Суғд идома ёфта тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист то охири моҳи январ маълумоти ҳамаи ниҳолҳои давоми моҳ шинонидашуда ҷамъбаст гардида, минбаъд оғоз аз моҳи феврал шаҳру ноҳияҳо оид ба рафти иҷрои нақшаи ниҳолшинонии соли 2026 дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ҳар 10 рӯз ба сарраёсат маълумоти хаттӣ пешниҳод менамоянд.
Дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Ҷ.Расулов амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» гузаронида шуд
Б
о тағйир ёфтани обу ҳаво, паст фаромадани ҳарорат ва боришоти барф масъалаи беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз сармои фасли зимистон ба миён омада, гузаронидани амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» идома дода шуд. Бо иқдом ва иштироки нозирони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия дар ҳудуди мавзеъи «Хуррамдара» ва «Дараи сабз» корҳои биотехникӣ ба амал омад. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи сукунати олами ҳайвоноти ваҳшӣ дар сармои фасли зимистон, ҳангоми баргузории амалиёт минтақаҳо ва маконҳои зисти ҳайвоноти ваҳшӣ бо хӯроки иловагӣ ба миқдори резаи гандум ва ҷав – 250 кг-мӣ, маккадона ва намак - 50 кг-мӣ, сабзӣ - 150 кг, карам ва картошка - 500 кг-мӣ, 15 ададӣ бастаи каҳ ва беда таъмин карда шудаанд. Ҳамчунин дар ноҳияи Ҷ.Расулов низ кормандони бахши ҳифзи муҳити зист якҷоя бо намояндагони Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон дар минтақаҳои кӯҳии ноҳия корҳои биотехникиро гузарониданд. Дар ҷойҳои сукунати намудҳои гуногуни ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон ҳаҷми таъминот бо хӯроки иловагӣ 200 кг гандум, 100 кг сабӯс ва 16 адад бастаи алафро ташкил намуд. Дар баробари ин бо мақсади пешгирии шикор ва сайди ғайриқонунии моҳӣ аз ҷониби нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷ.Расулов, дар минтақаҳои соҳили дарёи Сир амалиёти назоратӣ гузаронида шуда, дар рафти он байни шикорчиёну моҳидорони ҳаваскор доир ба қоидаҳои амалкунанда ва талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот корҳои фаҳмонидадиҳӣ амалӣ гардид.
Еще статьи...
- Дар як қатор муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дарсҳои экологӣ оғоз гардид
- Идомаи корҳои биотехникӣ дар доираи амалиёти «Ҳифзи ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ» дар шаҳри Панҷакент
- «Паём – кафили зиндагии шоистаи мардум» - ҳамоиши омӯзишӣ дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Тадбирҳо баҳри пешгирии ифлосшавии муҳити зист дар шаҳри Конибодом


