Амалиёти “Ҳавои тоза”

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3750

Ба истиқболи 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар асоси нақшаи корӣ мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи  ҳавои атмосфераи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҳамҷоя бо кормандони  БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд амалиёти «Ҳавои тоза» дар шоҳроҳи  Хуҷанд – Б.Ғафуров гузарониданд. Дар рафти амалиёт 67 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид.  

    Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 9 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳо ирсол гардид.

joomlamodniyportal.ru