Санҷиши Барнома ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар ноҳияи Айнӣ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3568

Дар асоси нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли равон санаи 18.09.2019  рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228 «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», аз он ҷумла фаъолияти комиссияи маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд. Ҳамзамон, рафти иҷрои қарори Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 оид ба татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои МИҲД ноҳия, ки ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобаста гардида, дар ҳузури роҳбарон ё шахсони муттасадӣ санҷида шуд. Бояд қайд намуд, ки корбарӣ дар сохторҳои иҷрокунандагони нақшаи чорабиниҳои барнома, ҳамчунин фаъолияти комиссияи байниидоравии маҳаллӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, дар баъзе самтҳо камбудиҳо ҷой доранд.

    Дар соли 2019 як маротиба ҷаласаи комиссияи байниидоравии ноҳиявӣ оид ба маърифати экологӣ гузаронида шудааст. Аз тарафи намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба роҳбарон ва намояндагони ҳамаи сохторҳо барои минбаъд пешниҳоди маълумоти банд ба банд бо нишон додани маблағҳои сарфгардида таъкид карда шуд. Оид ба гузаронидани санҷиш ба муовини Раиси вилоят, раиси Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ гузориши муфассал пешниҳод карда мешавад.