«1300 рўзи меҳнати зарбдор дар ноҳияи Спитамен»

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3513

Баҳри иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Спитамен аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» баргузор гардида истодааст. Ҳафтаи гузашта чунин чорабини дар ҷамоати деҳоти Куруш гузаронида шуд, ки дар он беш аз 1,5 ҳазор нафар аҳолӣ иштирок намуданд. Дар натиҷа кўчаҳои марказӣ, ҳудуҳои назди нуқтаҳои савдо ва муассисаву корхонаҳо аз партов, ҳамчунин ҷўйборҳо аз лойқа тоза карда шуда, дар маҷмуъ қариб 10 тонна партов ба партовгоҳ бароварда шуд.

     Ҳамзамон, гирду атрофи партовгоҳ аз халтачаҳои полиэтилении бо шамол парида ва дигар партовҳои маишӣ тоза гардид. Боиси қайд аст, ки дар давоми нуҳ моҳи соли равон партовгоҳи ноҳиявӣ ду маротиба бо истифода аз техника – булдозери тамғаи С-100 корҳои безараргардонӣ, яъне гўронидан гузаронида шуд.