Т
ибқи нақшаи ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дар толори Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон давоми ду рӯз чорабинии омӯзишӣ барои 32 омӯзгорон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят — намояндагони 17 мактаби мақсаднок ва Марказҳои таҳсилоти иловагӣ, инчунин 15 мактабе, ки дар онҳо ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» амалӣ менамояд, баргузор гардид. Барномаи чорабинӣистифодаи самараноки «Роҳнамои омӯзишӣ оид ба таълими иловагии экологӣ»-и навшуда, татбиқи усулҳои интерактивии таълим ва иштирок дар ташаббусҳои экологиро дар бар мегирифт.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Д
ар толори маҷлисгоҳи сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Деҳқонова Гулчеҳра маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори сарраёсат Холзода Суҳроб Хол бо суханони ифтитоҳӣ маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, мақсади аз рӯзи ид муайян гардидани рӯзи 16 ноябр, аз саҳифаи таърих дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуд. Бо иқдому ташаббусҳои созанда ва азму иродаи қавӣ ва устуворонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон сулҳу ваҳдат, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ таъмин гардид. Таъкид гардид, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сокини кишварро вазифадор месозад, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бар-доштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми нерӯ, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷриба ба кор бурда мешавад.
Насби баннерҳои экологӣ дар роҳи Ҷаббор Расулов
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ 3 адад ва даромадгоҳи ноҳия 2 адад баннерҳои экологӣ насб карда шуд. Ҳадаф аз насб намудани баннерҳои экологӣ дар шоҳроҳҳо ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз дохили нақлиёт напартофтани партовҳо ба канори роҳҳо ва тозаву озода нигоҳ доштани шоҳроҳ мебошад.
Амалиётҳои назоратӣ дар самти ғайриқонунӣ истихроҷ намудани канданиҳои фоиданоки маъмули умум
Т
ибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратии шабонарузӣ аз тарафи мутахассисони сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, ғайриқонунӣ истихроҷ намудани канданиҳои фоиданоки маъмули умум дар мавзеи кӯҳи Муғул 4 нафар сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор карда шуданд. Дар натиҷа нисбати қонуншиканон барои вайрон намудани моддаҳои 2 ва 8 -и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», мутобиқи моддаи 238 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ҷаласаи навбатии назди сардори сарраёсат
1
0 ноябри соли ҷорӣ маҷлиси навбатии назди сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаи корҳои иҷрогардида дар ҳафтаи сипаришуда мавриди таҳлил қарор гирифта, ба сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва дигар кормандони масъул вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф намудани онҳо, ситонидани маблағҳои ҷаримаву зарари муқарраргардида, иҷрои босифати барномаҳои давлативу соҳавӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ вазифагузорӣ карда шуд. Ҳамзамон рафти ҷаласа корманди ботаҷрибаи соҳа Шораҳматов Шорозиқ дар фазои тантанавӣ ба нафақа гусел карда шуд. Роҳбарияти сарраёсат ба Шораҳматов Шорозиқ барои хизматҳои софдилонаю содиқона дар тайи солҳои зиёд миннатдорӣ намуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ ў бо таҷрибаи бойи андўхтаи худ ба кормандони ҷавони мақомот роҳнамо хоҳад шуд.
Страница 1 из 322






