Чанде қабл нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби олимону мутахассисони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад. Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати давлатӣ буда, барои кормандони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хоҷагии ҷангал, мутахассисони соҳаҳои ботаника ва зоология, омӯзгорон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва оммаи васеи хонандагону дӯстдорони табиат тавсия мешавад. Захираҳои биологии Тоҷикистон бой ва рангинанд. Тибқи маълумотҳои илмӣ фауна ва флораи Тоҷикистон зиёда аз 13 000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4 500 намуди растаниҳои гулдорро дарбар мегиранд. Дар экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон 80% гуногунии биологии кишвар сокин гардидааст. Ҳаёт ва рӯзгори беш аз 70% аҳолии Тоҷикистон аз истифодаи боигариҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захирахои гуногунии биологӣ омили муҳимтарини беҳдошти некӯаҳволии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар даҳсолаҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ сиёсати дурандешона ва мақсаднок амалӣ мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият бахшидани огоҳии мардум ва такмил додани заминаи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи мухити зист корҳои зиёд ҷараён доранд. Ҳамкории ташкилоти ҷамъиятии экологӣ бо муассисаҳои давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист густариш меёбад. Китоби сурх ҳуҷҷати илмиест, ки фаъолияти хоҷагии инсонро оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ба танзим медарорад. Намудҳои наботот ва ҳайвоноте, ки ба ин китоб дохил шудаанд, ба ҳифз ва ғамхории ҳамаҷониба эҳтиёҷ доранд. Ба нашри якуми Китоби сурхи Тоҷикистон 162 намуди ҳайвонот ва 226 намуди растаниҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ дохил гардида буд. Нашри аввали «Китоби сурх»-и Тоҷикистон тӯли қариб 30 соли охир дар ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологии Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуд растанӣ ва 222 намуд ҳайвоноте, ки зери тахдиди маҳвшавӣ қарор доранд, дохил шудаанд.
Мақсади асосии Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёру категорияҳои муқарраргардидаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ) арзёбӣ намудани ҳолати ҳифзи намуду зернамудҳои олами набототу ҳайвоноте мебошад, ки шумораашон маҳдуд гардида ё ба ҳадди нестӣ расида, ба онҳо хатари маҳвшавӣ таҳдид мекунад. Умед аст, ки нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу таҷдиди захираҳои нодири набототу ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиии кишвар нақши муҳим мебозад.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода