Семинар-тренинг барои намояндагони ҷамъиятии экологӣ ва рӯзноманигорони ҷавон

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 5003

Санаҳои 4 - 6 феврали соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд семинар-тренинг дар мавзуъи «Роҳҳои инъикоси масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ тавассути унсурҳои чандрасонаи технологияи мултимедиявӣ» доир гардид. Семинар-тренинг аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» дар ҳамкорӣ бо намояндагии Интернюс дар Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуда, дар баргузории он намояндагони созмонҳои ҷамъиятии экологӣ ва рӯзноманигорони ҷавон, кормандони ВАО дар вилояти Суғд ва ташкилотҳои самти ҳифзи муҳити зист  иштирок карданд. Давоми се руз иштирокчиёни тренинг аз ҷониби тренерон инъикоси ҷолиби гузоришҳо тавассути унсурҳои чандрасонаӣ (мултимедиа-акс, видео ва садо) шинос гардиданд. Инчунин оид ба роҳҳои истифодаи босамари захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист маълумот дода шуд.

Ҳамчунин бо истифода аз технологияҳои муосир ба монанди сервиси картографии «MarsEngineLine», «StoryMapJS», «TimelineJS» ва «TablePublic» иштирокчиёни тренинг дар ҷойҳо бо масъалаҳои муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ шинос гардида, ба инъикоси он барномаҳои ҷолиб таҳия намуданд.