Аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» дар шаҳри Хуҷанд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 886

 Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи тасдиқгаштаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аксияҳои «Тозагии соҳил ва маҳал» мунтазам доир гардида истодааст. Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандони беморхонаи "Микроҷарроҳии чашм", кӯдакистони № 27 ва соҳибкорони ҳудуди мавзеъ аксияи "Тозагии маҳал" гузаронида шуд. Дар аксия 200 метр селроҳа ва 350 метр ҷуйборхо аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза карда шуд. Умуман тибқи маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд давоми нимсола қариб 30 маротиба аксияҳо бо иштироки васеи аҳолӣ, кормандони соҳаҳои тиб ва маориф, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ гузаронида шуд. Ҷараёни гузаронидани аксияҳо тариқи телевизионҳои маҳаллӣ ва ҷумҳурияви  ба навор гирифта ва пахш карда шуд.