Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳрҳои Гулистону Конибодом ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашт

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1101

  Тибқи барқияи фаврии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар робита ба супориши протоколи машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 15 июни соли 2023, № 1к/30-1 дар доираи омодагӣ ба баргузории Вохурии панҷуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъул, ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» ва ҶДММ  «Таъминоти моҳӣ», мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияи Гулистон, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт дар соҳили обанбори «Баҳри тоҷик» аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Аксия бо иштироки фаъолона ва васеи аҳолӣ, кормандони  идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, ташкилоту муассисаҳо ва волонтерон ҳамагӣ 550 нафар гузаронида шуда, соҳили обанбор ва дигар манбаҳои обӣ 13,5 км партову алафҳои бегона пурра тоза карда шуд, 17 м3 партов бароварда шуд. Ҷараёни аксия тариқи телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба навор гирифта шуд.