Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9 моҳаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1359

  Дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти 9 моҳа ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш., сардори Сарраёсат Ғуфронзода А.Ғ., сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода А.Ғ. пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба натиҷаҳои фаъолият дар ҳама самтҳои соҳа пурсиш намуда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, атмосфера, замин, муомилот бо партовҳо ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Дар навбати худ намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш. ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти нозирӣ, иҷроиши босифат ва саривақтии барномаҳои соҳавию давлатӣ, назорат ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва дигар аснодҳои назоратӣ супоришҳо дод.

  Дар интиҳои ҷаласа намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш. ва сардори Сарраёсат Ғуфронзода А.Ғ., корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳакимов А.-ро ки 30 сол дар мақомоти ҳифзи муҳити зист фаъолият бурдааст, барои расидан ба синни нафақа бо тантана муборакбод намуданд.