Конфронси илмӣ-амалии вилоятии «Замин пайванди инсон ва табиат»

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4544

 Санаи 21 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ба ифтихори 22 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии Замин ва ба истиқболи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-амалии вилоятии «Замин пайванди инсон ва табиат» баргузор гардид.

Дар конфронс намояндагон аз сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Сарраёсати кишоварзӣ, устодону донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, коршиносону намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони васоити ахбори омма ҳузур доштанд.

Ба саҳми ҳозирин баромади олимон, устодону донишҷӯён ва мутахассисони соҳавӣ доир ба муаммоҳо, ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои замин дар замони муосир пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон иштирокчиён оид ба ҳолати мелиоративии заминҳои вилоят, сабабҳои ифлосшавии муҳити зист бо нуриҳои сунъӣ ва роҳҳои бартарафсозии он, усули безараргардонии поруи парранда, мавқеи усули биологии ҳимояи набототи кишоварзӣ дар ҳифзи муҳити зист, истифодабарии самараноки заминҳои корам, меъёри истифодабарии заҳрдоруҳо ва нуриҳои минералӣ, бунёди боғ дар заминҳои камоб ва муаммоҳои партовҳои бесоҳиб дар миқёси вилоят баромадҳо ва призентатсияҳо шуниданд.