Семинари бозомӯзӣ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4342

Тибқи нақшаи кории Раёсат ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон санаи  22 феврали  соли равон дар толори Раёсат семинари бозомӯзӣ бо иштироки мудирон ва мутахассисони шӯъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Дар рафти семинар мутахассисони соҳа доир ба тартиби ба расмиятдарории парванда аз рӯи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, фаҳмонида додани шаклҳои нави ҳисобот, тартиби ҳисоби дурусти ҷуброни зарари ба олами наботот расонидашуда ҳангоми буриши ғайриқонунии дарахт, тартиби дурусти пешниҳоди маълумот оид ба рафти иҷроиши «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», Дастурамали коргузорӣ ва дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда баромад намуданд, ки дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад.

            Дар рафти семинар байни иштирокчиёни семинар  музокира сурат гирифта, дархост карда шуд, ки шумораи дафтарҳои ба қайдгирӣ камтар карда шуда, ҳуҷҷатгузорӣ дар ҳамаи бахшҳо  як  хел  ба роҳ  монда  шавад.