Вохӯрӣ дар коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4797

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо мақсади амалӣ намудани  нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистондар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар байни муассисаҳои таълимӣ як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ менамояд.

       Санаи 14 марти соли равон дар коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи Б.Ғафурови ш.Хуҷанд  вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ доир гардид. Пас аз сухани ифтитоҳии директори коллеҷ аз тарафи намояндаи Раёсат  оид ба мақсад ва зарурати қабул гардидани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» маълумоти муфассал дод. Ҳамчунин барои донишомӯзони ихтисосҳои биология ва тарбияи экологӣ бо мақсади бархурдор шудан аз олами  набототу ҳайвоноти нодири кишварамон  ва омӯхтани ҷабҳаҳои ҳаматарафаи ин олами нодир ватанамон ду ҷилд “Китоби Сурхи” Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумотномаҳои  иттилоотӣ ва буклетҳо  тақдим карда шуд.