Вохӯрӣ дар ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4514

Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали тасдиқгардида, санаи 10.04.2018 дар толори факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи Б.Ғафуров вохӯрӣ бо ҷалби беш аз 250 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Вохӯрии мазкур дар доираи конференсияи вилоятӣ, ки аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд таҳти унвони «Пешвои миллат наҷотбахши сайёра» бахшида ба оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо мақсадитарғибнамуданисиёсат ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ташкил карда шуд, амалӣ гардид.

 

Пас аз сухани ифтитоҳии намояндаи шӯъбаи ҷавонони Донишгоҳ Иброҳимов И. баромадҳои роҳбарихадамотиматбуотӣ Нурматов Ш. ва муовини роҳбари клуби волонтёрони Раёсатикорбо ҷавонон ва варзиши вилоят Файзиев М. оид ба нақши ҷавонон дар сиёсати имрӯза ва оянда, дар беҳдошт ва ҳифзи муҳити зист, таъсири об ба саломатии инсон, оқилона истифода намудани захираҳои обӣ дар шароити гармшавии иқлим, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзи захираҳои оби ошомиданӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯи мазкур шунида шуд.

Аз тарафи намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Саидов Х. оид ба оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА санаи 21 марти соли ҷорӣ ва яке аз афзалиятҳои асосии экологц дар вилоят – нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ баромад пешкаши иштирокдорон гардид. Ҳамзамон, оид ба мақсад ва зарурати қабул гардидани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» маълумоти муфассал дода шуд.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд иштирокчиёни фаъоли конференсияи вилоятӣ, аз ҷумла намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо ифтихорнома ва тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.