Семинар бахшида ба Рӯзи Замин

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4464

Санаи 20 апрели соли равон дар толори бинои асосии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров конфронси илмӣ – назариявӣ бахшида ба 22 апрел – Рӯзи умумиҷаҳонии Замин ва Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид. Дар кори конфронси мазкур олимон аз ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров,Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи тиҷоратӣ, котиби илмии стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии вилоят, КВД «Ҳимояи набототи кишоварзӣ», устодон, донишҷӯён, мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. Пас аз суханҳои ифтитоҳии намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, баромад ва презентатсияҳо дар мавзӯҳои «Роҳҳои беҳдошти заминҳои корами обии таназзулёфтаи вилояти Суғд», «Оқибати номусоиди кимёвӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ», «Муаммоҳои экологӣ дар самти муомилот бо партовҳо дар вилояти Суғд», «Вазъи кунуни ҳимояи набототи кишоварзӣ дар вилояти Суғд» ва «Безараргардонии партовҳои радиатсионӣ» шунида шуд.

Мувофиқи барномаи конфронс, дар қисмати музокира ва мубоҳиса устодону донишҷӯён ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ба суолҳои худ аз коршиносону олимон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.