Озмуни «Тирамоҳи заррин» дар ноҳияи Зафаробод

Category: News Written by Администратор Hits: 1334

  Бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 дар Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Зафаробод озмуни ноҳиявии  «Тирамоҳи заррин» гузаронида шуд. Дар озмун 17 адад  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо гӯшаҳои ба намоиш гузоштаи худ иштирок доштанд. Мактаббачаҳо гӯшаҳои худро бо нозу неъматҳои фасли тирамоҳи заррин, аз қабили сабзавоту меваҷот, ғалладонаҳо, меваҳои хушк, мусаввараҳо, аксҳои ранга, маводи дастисохт оро дода буданд. Озмун аз рӯи 5 шарт: ташкили намоишгоҳ, истифодаи маводи табиӣ, намунаҳо аз гербарияҳо, суратҳои ранга, саволу ҷавоб (викторина) аз фанҳои табиатшиносӣ ва ҳимояи рисолаву рефератҳои хонандагон дар мавзӯи муҳити зист ва экология гузаронида шуд. Ҳайати ҳакамон, намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маориф, ба донишу фаҳмиши хонандагон доир ба муҳити зист баҳои баланд доданд.

  Муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 1, 14 ва  № 6  ғолибони озмун  дониста шуда, аз тарафи намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи шаҳр бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.