Т
ибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 9 феврали соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи калони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят нишасти матбуотии якҷояи чор сохтори вилоятӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 доир гардид. Аз тарафи сохторҳо бевосита роҳбарон – сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Холзода С.Х., сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Қосимзода А., раиси Кумитаи идораи замини вилоят Толибзода Т., сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Ҷӯраев А. иштирок дошта, ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма ҷавоб пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ хабарнигорони воситаҳои ахбори омма, аз он ҷумла мухбирони рӯзнома ва маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ», «Сухани халқ», «Шӯълаи умед», «Шафақ», «Ризқофарин», «Нилуфар», «Саломат бошед», «Кишоварзӣ», «Роҳнамои кишвар», «Муҳаббат ва оила», «Кайҳон», «Бонувони Тоҷикистон», «Сайҳун», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия плюс», «Спутник», «Суғд - пресса» телевизионҳои МД ТВ «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Синамо», телевизиони вилояти Суғд, ШТР «Азия», СМ-1, «Диёр», радиоҳои «Тоҷикистон», «Замон», «Пайванд», «Шаҳри ман», «Озодӣ», инчунин як ќатор рӯзноманигорони мустақил, таҳлилгар, коршинос ва мустақил, дар маҷмуъ 42 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба ҳамаи рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти чор сохтори болозикр дар соли 2025 дастрас гардид.
Мониторинги экологии минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғд
Т
ибқи нақшаи кори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд аз ҷониби мутахассисони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат дар минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияҳои Спитамен ва Зафаробод мониторинги экологӣ гузаронида шуд. Санҷиши вазъи ҳаво дар 5 нуқтаи ҳудуди санитарӣ - муҳофизатӣ то хати сарҳад дар масоҳати аз 500 метр то 2 км дур амалӣ гардида, тағйирёбии тамоюли таъсир бо гирифтани 10 намунаи партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера муайян карда шуд. Натиҷаҳои ченкунӣ нишон дод, ки миқдори нишондиҳандаҳо ба монанди аммиак (NH3), оксиди карбон (СО), дуоксиди нитроген (NO2), фенол (C6H5OH), гидрогени сулфид (H2S), оксиди нитроген (N2O), формалдегид (CH2O), аммиак (NH3), гидрогенхлорид (HCl), хлор (Cl) ва чанг дар таркиби ҳавои атмосфера мутобиқи меъёр мебошанд. Ғайр аз ин, бо мақсади назорати сифат ва муайян намудани хосиятҳои физикӣ – кимиёвӣ аз 1 нуқтаи ҳавзаи дарёи Сир дар минтақаи наздисарҳадии ҳудуди ноҳияи Спитамен намунаи об гирифта, ташхис гузаронида шуд.
Насби баннери таблиғотӣ дар шаҳри Истаравшан
Б
о мақсади ҷалби бештари шаҳрвандон ба корҳои кабудизоркунию ободонӣ дар маъракаи ноҳолшинонии мавсими баҳори соли 2026 ва таъмини иҷрои нақшаи амали «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», ки тибқи нақша дар соли 2026 шинонидани 64800 бех ниҳолҳо дар шаҳри Истаравшан пешбинӣ гардидааст, аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳр як қатор тадбирҳо андешида шуда истодааст. Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист барои даъвати шаҳрвандону сокинони ҷамоати шаҳраку деҳот корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ гузаронида, яке аз тадбирҳо ин аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист насби лавҳаи калонҳаҷм – баннери таблиғотӣ бо шиори «Биёед дарахт шинонем» дар қадди роҳи асосии нақлиётгарди шаҳраки Истаравшан мебошад.
Дидан намудани муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р. аз ниҳолхона – парваришгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара
М
оҳи марти соли 2025, бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва таъмини иҷрои нақшаи амал дар майдони 1 га «Ниҳолхона – парваришгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара» ташкил шуда буд. Дар ниҳолхона ғунҷоиши умумии кӯчати ниҳолҳо 28500 бехро ташкил карда, дар айни ҳол 12 намуди ниҳолҳо, аз он ҷумла санавбар, ардач, туяи шарқӣ, акатсия, чинор, кастона, каталпаи зебо, булут, бирючинаи ҳамешасабз, павлония, сирени ҳиндӣ ва қаламчаи сафедор, ҳамагӣ ба миқдори 28000 бех парвариш ёфта истодааст. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р., Вазири кишоварзӣ Ҳакимзода Қ. ва раиси шаҳри Исфара Ҷумъазода Ш. аз ҳолати ниҳолхона – парваришгоҳ дидан намуданд. Ҳангоми дидани ниҳолхона аз ҷониби мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара Ҳомидов Н. ба ташрифовардагон дар бораи корҳои ба анҷом расонида, ҳолати ниҳолҳои парвариш ёфтаистода ва нақшаҳои минбаъда вобаста ба ниҳолшинонӣ маълумот пешниҳод гардид.
More Articles...
- Санаи экологӣ 2 феврал – Рузи умумиҷаҳонии заминҳои обиву ботлоқӣ
- Идомаи амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» дар минтақаҳои кӯҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
- Дар муассисаи таълимии шаҳри Гулистон оид ба ташвиқу тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид
- Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд


