Амалиёти назоратӣ дар давоми чорабиниҳои манъи сайди моҳӣ дар ноҳияи Спитамен

Category: News Written by Администратор Hits: 414

   Тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 28.03.2025, №30 ва фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти дар вилояти Суғд аз 01.04.2025, №12 «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2025»,  дар тамоми дарёҳою обанборҳои ҳудуди вилоят аз 1 апрел то 15 июни соли 2025 ҳамагуна моҳидорӣ манъ карда шудааст. Баҳри иҷрои фармоишҳои болозикр аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен якҷоя бо намояндагони Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони ноҳия дар минтақаи дарё Сир, ки аз ҳудуди ноҳия мегузарад амалиёти назоратӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа зиёда аз 450 метр тӯрҳои бесоҳиби моҳидорӣ аз дарё бароварда шуда, несту нобуд гардид. Ҳамзамон, бо мақсади огоҳ намудани аҳолӣ ва пешгирии ҳолатҳои вайрон кардани талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи олами ҳайвонот», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», сайд ва фурӯши ғайриқонунии моҳӣ аз тарафи сокинони ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия дар ҷойҳои ҷамъиятӣ эълонҳо насб гардида, амрномаҳо ба нуқтаҳои пухтупази маҳсулоти моҳигӣ дода шуд.