Дар шаҳри Хуҷанд чорабинии экологӣ бахшида ба «Рӯзи дарёи Сир» баргузор гардид

Category: News Written by Администратор Hits: 118

  Бахшида ба «Рӯзи дарёи Сир» дар «Боғи фарҳангӣ - фароғатии Наврӯзгоҳ»-и шаҳриХуҷанд чорабинии омавӣ бо баргузории аксияи экологӣ таҳти унвони «Сирдарё - дарёи мо, ояндаи мо» доир гардид. Чорабинии мазкур бо ҷалби беш аз 300 нафар донишҷӯ аз муассисаҳои олии вилоят гузашта, тибқи барнома аксияи оммавии экологӣ оид ба тоза кардани соҳилҳои Сирдарё, викторинаи экологӣ ва чорабиниҳои маърифатӣ барои донишҷӯён, мукофотонидани ғолибону иштирокчиёни фаъол ва ҷалби намояндагони васоити ахбори омма амалӣ гардид. Соли панҷум мебошад, ки чун анъана «Рӯзи дарёи Сир» дар шаҳриХуҷанд бо мақсади нишон додани муҳимияти захираҳои об, ҷиҳати ҷалб, иттилоотонидан ва баланд бардоштани дониши экологии ҷавонон дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об ва мустаҳкам намудани амнияти экологӣ дар аввали моҳи октябр қайд гардида, дар ин рӯз аксия ва чорабиниҳои гуногуни экологӣ гузаронида мешаванд.

 Ҳамзамон, баргузории чунин чорабинӣ яке аз чорабинҳои татбиқкунандаи бандҳои нақшаи чорабинҳои«Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ба ҳисоб меравад. Қобили зикр аст, ки дар соли ҷорӣ чорабинии экологӣ бахшида ба «Рӯзи дарёи Сир» бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария, Дафтари Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, «Хелветас» ва «Актед» дар доираи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об» ташкил гардид.