Амалиёти назоратӣ дар самти ҳифзи манбаъҳои обӣ

Category: News Written by Администратор Hits: 63

  Тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳангоми гузаронидани амалиёти назорати давлатӣ мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, дар  соҳилҳои дарёи Сир ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров ифлос намудани соҳили манбаъҳои обӣ бо партовҳоро аз тарафи сокинони ноҳия -ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашонӣ  Нуруллоев К. ва дигарон ошкор намуданд. Дар натиҷа нисбати конуншиканон  барои ифлос намудани соҳили манбаъҳои обӣ бо дастрасии моддаи 177 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.