Таъсири сўзонидани хазон ба муҳити зист

Category: News Written by Администратор Hits: 56

  Фасли тирамоҳ дар баробари фасли заррин будан, боз мушкилотҳоеро ба миён меорад, ки кормандони соҳаи коммуналӣ барои халосӣ аз он танҳо як “усул” -ро ба кор мебаранд, ки ин сўзиши хазон мебошад. Тибқи таҳлили мутахассисони соҳаи муҳити зист сўзонидани хазон ва партов боиси хурӯҷи касалиҳои диққи нафас гардида, нороҳатии шаҳрвандонро ба миён меорад. Дар қатори дигар партовҳои аз рӯзгор ҳосилшаванда барги хазоншуда низ ба партов табдил меёбад ва дар бисёр ҳолатҳо барои аз партовҳо раҳоӣ ёфтан кормандони соҳаи коммуналӣ ва дигар шахсони вобаста шуда, ба оташ задани барги хазонгашта даст мезананд. Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ин самт корбариро пурзўр намуда,  давоми  нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои сўзонидани хазон ва партовҳо дар миқёси вилоят 735 адад протоколҳои маъмурӣ тартиб доданд. Қонуншиканиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Зафар-обод, Мастчоҳ, Панҷакент, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Исфара, Истаравшан ва Шаҳристон нисбатан зиёд ба қайд гирифта шудааст.