Амалиётҳои назоратӣ дар самти муомилот бо партовҳо

Category: News Written by Администратор Hits: 59

  Тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз тарафи мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд  партофтани партовҳои сохтмонӣ дар ҷойи ғайрирасмӣ - ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокини ноҳия И.М.  ошкор  гардид. Дар натиҷа нисбати ронандаи нақлиёти боркаши тамғаи Камаз шаҳрванд И.М. барои партофтани партовҳои сохтмонӣ дар ҷойи ғайрирасмӣ бо дастрасии моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.