Муаррифии «Раҳнамо оид ба тарбияи экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ» дар шаҳриХуҷанд

Category: News Written by Администратор Hits: 41

   Давоми зиёда аз як сол Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Раёсати маорифи вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади таҳияи «Раҳнамо оид ба тарбияи экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ» ҳамкорӣ намуда, дар натиҷа дастурамали мазкур ба амал омад. Ҳамчун пилотӣ муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол ва Б.Ғафуров интихоб гардида, барои мураббиёни ин муассисаҳо дар толори ширхоргоҳ – кӯдакистони № 18-и шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар ташкил ва гузаронида шуд. Дар рафти чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист, соҳаи маориф ва ташкилоти ҷамъиятӣ ба мудирон ва мураббиёни кӯдакистонҳо «Раҳнамо оид ба тарбияи экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ»-ро муаррифӣ карда, њамзамон як қатор аёниятҳо барои гузаронидани машқу бозӣ бо кӯдакони гурӯҳҳои боло, синнӣ 5 – 6 сола тақдим карда шуд. Минбаъд, корбарӣ бо муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияи болозикр рушд ёфта, барои фаро гирифтани ҳамаи онҳо дар миқёси вилоят бо мақсади ҷорӣ намудани дастурамали мазкур тадбирҳо роҳандозӣ мегардад.