Д
ар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободонӣ ва беҳтар намудани ҳолати санитарӣ – экологии минтақаҳои аҳолинишин идома меёбад. Дар ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия бо мақсади тоза намудани Ашт-сой бо иштироки беш аз 100 нафар намояндагони муассисаҳои таълимии соҳаи маориф ва сокинони деҳа аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Рафти чорабинӣ 3 км дохили сой аз партовҳои гуногун тоза гардида, ҳамагӣ 4,6 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ ва интиқол дода шудааст. Ҳамзамон, дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар қадди шоҳроҳи Хуҷанд – Ашт 4 адад лавҳаи огоҳикунанда бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва ду шафати роҳи нақлиётгард бо партовҳо, инчунин баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ насб гардидааст.
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногун, аз қабили аксияҳои экологӣ, пешгирии ифлосшавии манбаҳои обӣ, бартараф кардани партовҳои бесоҳиб,корҳои обёрии ниҳолҳои шинонида ва дигар амалҳои ба беҳбудии ҳолати экологии минтақаҳо равонашударо ҳар ҳафта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир менамоянд.
