Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2026

Category: News Written by Администратор Hits: 30

   Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.03.2005, №АП – 1677 ва ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, санаи 4 августи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи калони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят нишасти матбуотии якҷояи чор сохтори вилоятӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2026 доир гардид. Аз тарафи сохторҳо раиси Кумитаи идораи замини вилоят Толибзода Т., муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Розиқзода Н., муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Маҳмудзода А. ва муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Ҳоҷиев Ҳ. иштирок дошта, ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма ҷавоб пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ хабарнигорони воситаҳои ахбори омма, аз он ҷумла мухбирони рӯзнома ва маҷаллаҳои марказию маҳаллӣ, оҷонсиҳои иттилоотӣ, намояндагони телевизион ва радио, инчунин як қатор рӯзноманигорони мустақил, таҳлилгар, коршинос ва собиқадори соҳаи матбуот, дар маҷмуъ 43 нафар иштирок доштанд.

  Ба ҳамаи рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои болозикр дар нимсолаи якуми соли 2026 дастрас гардид. Рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ба муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят вобаста ба назар расидани сӯзонидани партовҳо дар нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ва чораҳои маъмурии андешида давоми шаш моҳ нисбати ҳолатҳои мазкур, насби 19 адад камераҳои мушоҳидавӣ ва кифоя будани миқдори онҳо, ҳолатҳои буриши ғайриқонунии дарахт ва миқдори иҷозати буриш дар нимсола, хонаҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои хизматрасонии дар соҳили дарёи Сир ғарирасмӣ ҷойгиршуда ва баргардонидани ин заминҳо ба ҳолати пештара, сифати оби дарёи Сир ва гузаронидани ташхисҳо дар мавсими тобистона, бо қамишу алаф зер кардани дарёи Сир дар минтақаи шаҳри Хуҷанд, барои тоза намудани он чораҳои меандешида ва дигар масъалаҳо вобаста ба ҳифзи муҳити зист саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.