Ба андўхтани партовҳо роҳ надиҳед!

Category: News Written by Администратор Hits: 75

  Бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист, пешгирии ифлосшавии ҳавои атмосфера  мутахассисон мунтазам дар натиҷаи гузаронидани санҷишу ама-лиётҳои назорати  байни сокинони маҳалла ва соҳибкорон корҳои  фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Зимни гузаронидани чунин амалиётҳои назоратӣ дар шаҳри Бўстон ҳолати андўхтани (сўзонидани) партовҳои саноатӣ ва маишӣ (хасу хасрўба) дар ҳавои кушод аз ҷониби сокини шаҳри Бўстон Каримов В.  ошкор карда шуд ва нисбати ў маводҳои аввалиндараҷа  тартиб дода, барои чораҷўӣ пешниҳод гардид. Кирдори мазкур хилофи моддаҳои 44, 53-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» буда, боиси ба ҳавои атмосфера паҳн шудани моддаҳои зараровар  гардидааст. Мувофиқи талаботи қонунгузории амалкунанда,  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки талаботи муқарраргардидаи экологиро риоя намуда, барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист, аз ҷумла ҳавои атмосфера чораҳои зарурӣ андешанд. Аз сокинон даъват  карда мешавад, ки аз  андўхтани (сўзонидани) партовҳои сахти маишӣ  дар ҳавои кушод роҳ надиҳанд ва талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зистро риоя намоянд.