Б
ахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Суҳроб Холзода, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар вилоят, собиқадорони соҳа ва кормандон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Суҳроб Холзода ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар вилоят Аъзамҷон Шарипов зимни баромад таъкид намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери Парчами миллӣ ва таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик муттаҳид гардида, бо меҳнати бунёдкорона мушкилоту монеаҳои сангинро паси сар намуданд ва кишвари маҳбубамон ба марҳилаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расид.
Пас аз 35 соли роҳи пурпечутоби давлатсозӣ Тоҷикистон марҳилаҳои бисёр муҳими рушди давлатдории миллиро паси сар намуда, ба як кишвари соҳибэътимод ва ташаббускори минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёфт. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори кишвар ниҳоят муҳим мебошад. Ҳамчунин, собиқадорони соҳа оид ба дастовардҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ин давраи таърихӣ сухан намуда, таъкид карданд, ки ҳамаи ин натиҷаи татбиқи пайвастаи сиёсати экологӣ ва таваҷҷўҳи хосаи Роҳбари давлат мебошад, ки барои рушди наслҳои оянда заминаи устувор фароҳам меоранд. Дар интиҳои чорабинӣ собиқадорони соҳа ва кормандони фаъол бо сипосномаву туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
