Забони модариро пос дорем

Category: News Written by Администратор Hits: 5157

   Дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки кормандон бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Маҷлисро муовини сардори Раёсат Абдумаликов Б.А. ҳусни оғоз бахшида, дар назди ҳозирин бо сухани табрикотӣ баромад ва қайд намуд, ки «забон мероси гузаштагону ниёгони бофарҳангу бомаърифат ва хирадманди мо мебошад.Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосӣ дошта, ҳамеша аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси яке аз рукнҳои муҳими иcтиқлолияти кишвар мавриди дастгирӣқарор мегирад. Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, гузашта аз ин муаррифгари миллат мебошад. Президенти кишвар дар яке аз баромадҳояшон зикр намудаанд, ки “Забони тоҷикӣ имрӯз ба забони илму фарҳанг табдил ёфта, чорабиниҳои илмӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд, олимони мо асарҳо ва мақолаҳояшонро бо риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ таҳия карда, ҷиҳати инкишофи забон саъйю кӯшиши зиёд менамоянд”. 

    Дар ҷамъомад инчунин дигар кормандон низ баромад карда, забонро ҳамчун омили муҳими давлату ҷамъият, пешбарандаи нуфузу эътибори давлат арзёбӣ намуданд.