Аксияи “Тозагии маҳал” дар миқёси вилоят

Category: News Written by Администратор Hits: 5245

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят ва дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аксияи «Тозагии маҳал»-ро гузаронид. Дар маҷмуъ давоми моҳи октябри соли равон 4 маротиба дар маҳалҳои аҳолинишин, муассисаҳо, ташкилотҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳо, махсусан мавзеъҳои ҷойгиршавии партовгоҳҳои расмӣ ва партовҳои бесоҳибу гирду атрофи он ташкил ва гузаронида шуд.

   Дар аксияҳои  мазкур зиёда аз 4,2 ҳазор нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таълимию тандурустӣ фаъолона иштирок доштанд. Дар рафти аксия 2,1 ҳазор бех дарахтон ва гулу гулбуттаҳо шинонида шуда, каналу ҷўйбор, заҳбуру латокҳо ба масофаи 6 км тоза карда, 3,3 ҳазор метри мураббаъ майдонҳо аз алафҳои бегона, 1,8 км соҳили дарё ва 5,7 км қадди роҳҳо аз партовҳо тоза ва беш аз 128,2 метри мукааб партовҳо дар партовгоҳҳои расмӣ ҷойгиронида шуданд.