Конференсияи илмӣ-назариявӣ «Об–маъною маъвои зиндагист»

Category: News Written by Администратор Hits: 5161

Санаи 15.03.2019 дар толори маҷлисгоҳи хурди раёсати МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» конференсияи илмӣ–назариявии «Об – маъною маъвои зиндагист» бахшида ба санаи муҳими экологӣ, 22 март - Рўзи байналхалқии об ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» ташкил карда шуд.

    Дар чорабинӣ устодону олимони муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров», Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист, меҳмонон аз Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят, Маркази назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологии вилоят, Котиботи байналхалқии захираҳои об – намояндагӣ дар Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон барои ҳифзи муҳити атроф», намояндагони васоити ахбори омма, коршиносон ва алоқамандони соҳа иштирок доштанд.

   Дар рафти кори конференсия аз тарафи баромадкунандагон мавзуъҳои «Манбаъҳои асосии таъминоти оби полезӣ дар вилояти Суғд»,«Ҳолати санитарии иншоотҳои обтаъминкунии вилояти Суғд», «Сарватҳои об ва мушкилоти истифодаи он дар вилояти Суғд», «Обтаъминкунии табиӣ ва ҷабҳаҳои истифодаи оқилонаи сарватҳои обии Тоҷикистони Шимолӣ», «Имкониятҳои истифодаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон» ба иштирокчиён пешниҳод гардид. Мувофиқи барномаи конференсия дар қисмати муҳокимаи маърўзаҳо саволу ҷавоб ба амал омада, иштирокдорон посухҳои мушаххас гирифтанд.